Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати марзбони тоҷик дар задухӯрд бо 30 қочоқбари афғон


Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари задухурд бо қочоқбарони афғон як марзбони тоҷик кушта ва дигаре маҷруҳ шудааст.

Ба иттилои Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон, даргирӣ миёни қочоқчиёни афғон ва марзбонони тоҷик дар минтақаи марзии ноҳияи Ҳамадонӣ дар соҳили рӯдхонаи Панҷ рух додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, як гурӯҳ афроди мусаллаҳ, ки шумораи онҳо 30 нафар тахмин зада мешавад, шабонгаҳ аз рӯдхона ба қаламрави Тоҷикистон гузаштаанд ва ба камини марзбонони тоҷик дучор омадаанд. Марзбонони тоҷик баъди тирандозии огоҳкунанда ба тарафи вайронкунандагони марз оташ кушодаанд. Дар тирандозии дуҷониба ду сарбози қарордодӣ тир хӯрдаанд, ки якеи онҳо аз захми тир даргузаштааст.

Ба иттилои Кумитаи амният қочоқбарони афғон аз торикии шаб истифода бурда, ба он соҳили дарёи Панҷ ҷон ба саломат бурдаанд. Дар бораи мусодираи силоҳу маводи нашъадор хабар дода намешавад.

Ин дар ҳолест, се ҳафта қабл Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар пайи як амалиёт вуруди як гуруҳи қочоқбари афғонро, ки талош доштанд, беш аз 200 кило маводи мухаддирро ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд, ҷилавгирӣ карданд. Зимни ин амалиёт як қочоқбари афғон кушта ва дигаре захмӣ шуда буд.

Мақомот мегӯянд дар давоми соли гузашта марзбонони тоҷик аз 20 талоши убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ карда, беш аз 3 тонна маводи мухаддир ва даҳҳо мил силоҳ мусодира кардаанд.
XS
SM
MD
LG