Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия майли бозгашт ба марзҳои Тоҷикистонро дорад


Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Русия ҳанӯз ҳам дар сар ҳавои бозгашт ба марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистонро дорад.

Як дипломати баландпояи Русия гуфтааст, агар Тоҷикистон бихоҳад, кишвараш ҳозир аст, сарбозони русро дигарбора барои посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон бифристад.

Игор Лякин-Фролов, намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, “Агар ҳамкорони тоҷик ба мо муроҷиат кунанд, мумкин аст, ин масъаларо баррасӣ кунем, вале дар ин бора гуфтан ҳоло зуд аст.”

Марзбонони Русия, ки солҳои тулонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон буданд, соли 2005 бо дархости Тоҷикистон онҷоро тарк карданд. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия аз марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд.

Ба ин тартиб, марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия, барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.

Русия борҳо масъалаи бозгашт ба марзи Тоҷикистон аз тариқи расонаҳо матраҳ кардааст, вале мақомоти Душанбе гуфтаанд, зарурате ба бозгашти марзбонони рус вуҷуд надорад ва агар Русия мехоҳад кӯмак кунад, беҳтар аст, бо техникаи низомӣ ва дигар абзорҳои лозим дар тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид кардаанд, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми марзи кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд.
XS
SM
MD
LG