Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Компютерҳо шунидану бӯиданро ёд мегиранд


Ширкати Ай Би Эм мегӯяд дар панҷ соли оянда компютерҳое, ихтироъ мешаванд, ки қобилияти дарку эҳсосро хоҳанд дошт.

Ҳар сол пажӯҳишгарони Ай Би Эм як ширкати азими пажӯҳишӣ ва технологӣ, бар асоси таҳқиқу таҷрибаҳо дар озмоишгоҳҳои ин ширкат пешбиниҳои худро дар гузорише бо номи “5 дар 5” нашр мекунанд. Дар ин гузориш ба панҷ пешрафти бузурге таваҷҷӯҳ мешавад, ки то 5 соли дигар дар арсаи фанновариҳо маъмул хоҳанд шуд.

Бернард Мейерсон, раҳбари бахши навоварӣ дар IBM, гуфт, дар даврони нави компютерсозӣ, компютерҳое хоҳанд омад, ки тафовути онҳо мисли фарқи таблетҳо буд, ки ҷойи комютерҳои маъмулиро мегиранд. Ба гуфтаи Мейерсон, комютерҳои “даврони нав” “метавонанд ба инсон тақлид ва эҳсос кунанд.” Яъне компютерҳое, ки ҳоло танҳо барои навиштан, ҳифзи иттилоъ, сайругашт дар интернет ва тамошои филму шунидани мусиқӣ истифода мекунем, дар оянда бо истифода аз қудрати худ ва тақлид ба панҷ ҳисси инсонӣ, яъне шунавоӣ, биноӣ, зоиқа, шомеа ва ламс хадамоти нави арзишманде ба инсонҳо пешниҳод хоҳанд кард. Ба гуфтаи Ҷон Смиф, муҳандиси дигари Ай Би Эм, то чанд соли дигар компютерҳо на фақат садҳо миллион аксро дар худ ҳифз хоҳанд кард, балки метавонанд дар онҳо нишонаи бемории фардеро пайдо намоянд.

Компютерҳо бо ташхиси аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ошкор хоҳанд кард, ки шахсе ба чӣ майлу таваҷҷӯҳи зиёд дорад ва ё ба маъмурони наҷот кӯмак хоҳанд кард, ки оқибатҳои тӯфон ва ё дигар фалокатҳои табииро муайян намоянд.

Ҷон Смиф меафзояд, то 5 соли дигар, комютерҳо бо такя бо иттилооти бузурги тасвирӣ ба инсонҳо кӯмак хоҳанд кард, ки қарори беҳтар қабул кунанд ва умқи ҷаҳонеро бубинад, ки аз ин пеш барояш ноошно буд. То он замон телефонҳои ҳамроҳ, абзоре хоҳанд дошт, ки имкон медиҳанд, табибе аз роҳи дур, беморашро муолиҷа кунад.

Комютерҳо то 5 соли дигар бар тибқи пешбинии муҳандисони Ай Би Эм, ҳисси шунавоии инсонро ба қавле ёд хоҳанд гирифт ва танҳо бо шунидани садои пули ларзон муайян хоҳанд кард, ки то куҷо он қавӣ ва ё заиф аст. Ба эътиқоди Дмимтрий Каневски, “устоди ихтироъкорони” Ай Би Эм, то чанд соли наздик қодир хоҳанд шуд, ки бо шунидани садоҳои мухталифи навзодон муаяйн кунанд, ки кадоме аз онҳо чӣ эҳсосе дорад. Телефонҳо ба таври автоматӣ, садоҳои аслиро аз садоҳои атроф пок карда ва нутқро бо тарҷумаи беҳтар ба масофаҳои дуртар хоҳанд фиристод. Компютерҳо хоҳанд тавонист, зоиқаи инсонҳоро ташхис намуда ва бо истифода аз иттилоот дар бораи таркиби ғизоҳои дӯстдоштаи ӯ дастурҳои ғизоҳои нави хушмаззаву сиҳӣ пешниҳод кунанд.

Телефонҳо низ ба зудӣ бӯйро эҳсос хоҳанд кард ва барои хидмат ба инсонҳо камар хоҳанд баст. Ҳендрик Ҳамман, пажӯҳишгари дигари Ай Би Эм, мегӯяд, ба зудӣ сенсорҳое хоҳанд омад, ки бо шамидани бӯй таркиби онро фаҳмида ва ҳатто аломати бемории инсонро пайдо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG