Бино ба иттилои расонаҳои Туркия, мақомоти ин кишвар бо Абдулло Оҷалон, раҳбари зиндонии Ҳизби коргарони Курдистон барои халъи силоҳи ин созмон, гуфтугӯ мекунанд.
Мақомоти турк тафсилоти ин гуфтугӯҳоро рӯшан насохтааанд, аммо мушовири нахуствазири Туркия рӯзи душанбе ба телевизиони ин кишвар гуфтааст, ки истифода аз қувваи низомӣ, роҳи ҳалли низоъ намебошад.
Абдуллоҳ Оҷалон, муассиси Ҳизби коргарони Курдистон ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ӯ чаҳордасол қабл дар Кения боздошт шуд ва дар зиндоне дар як ҷазираи наздик ба Истанбул ба сар мебарад.
Ӯ аз ҷониби додгоҳи Туркия нахуст ба эъдом маҳкум шуда буд, вале ин ҳукм дар натиҷаи фишорҳои байналмилӣ ба ҳабси абад иваз шуд.
Ҳизби коргарони Курдистон аз сӯи Анқара ва Вошингтон як созмони террористӣ шинохта шудааст. Ин ҳизб соли 1984 муборизаи мусаллаҳонаро дар шарқи Туркия алайҳи давлати ин кишвар ба роҳ андохт. Тӯли ин муддат дар даргириҳо миёни артиши Туркия ва Ҳизби коргарони Курдистон, тақрибан 54 ҳазор нафар кушта шудаанд.