Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон кормандони созмони хайрия кушта шуданд


Мардони мусаллаҳ дар ҳамлае аз камин 6 зани покистонӣ ва як духтури мардро, ки кормандони имдод будаанд, ба қатл расондаанд. Ин ҳодиса дар минтақаи Хайбари аёлати Паштунхво рух додааст.

Рашид Хон-афсари пулиси минтақа ба радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи ин кормандони кушташуда барои созмони хайрияи Уҷала ё Сабук дар деҳаи Шерафзалбанда кор мекарданд.

Онҳо ҳангоми баргашт аз маркази иҷтимоии кӯдакон дар роҳи минтақаи Свабӣ мавриди ҳамлаи ногаҳонӣ қарор гирифтаанд. Сабабҳои ин тирандозӣ маълум нашудааст.

Моҳи гузашта афроди мусаллаҳ кормандони беҳдоштро ба қатл расонданд. Онҳо дар маъракаи ваксинатсия ё ем кардани кӯдакон аз бемории полиомелит ширкат мекарданд.
XS
SM
MD
LG