Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Қатли 7 корманди имдодӣ дар Покистон

Афроди мусаллаҳ дар як шабехун дар ноҳияи Свабии вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон 6 корманди имдодии зан ва як табиби мардро куштаанд. Пулис мегӯяд, мошини онҳо дар роҳи бозгашт аз як маркази кӯдакони таҳти идораи созмони хайрияи покистонии “Уҷала” ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Ронандаи мошин ҳам дар ин ҳамла сахт захмӣ шудааст. Ҳадафи ҳамлаи Свабӣ, воқеъ дар ҳудуди 75-километрии шимолуғарби пойтахт Исломобод рӯшан нест. Моҳи гузашта силоҳбадастон дар силсилаи ҳамлаҳо 9 корманди тиббиро, ки дар маъракаи миллии эмкунӣ аз фалаҷи кӯдак кор мекарданд, куштанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Вокуниши дафтари Ҷеенбеков ба таҳқиқот дар бораи фасоди густурда дар Қирғизистон

Дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бори дигар баён дошт, ки раҳбари давлат ҳеҷ робитаи тиҷоратӣ бо марде, ки дар маркази таваҷҷуҳи як таҳқиқоти муштараки бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP, ва сайти хабари Kloop қарор гирифтааст, надорад. Ин таҳқиқот аз фасоди густурда дар Хадамоти гумруки ин кишвар ва берун бурдани пули нақд аз Қирғизистон қисса мекунад.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ Толгонай Стамалиева дар баёнияе, ки рӯзи 22-юми ноябр ба нашр расид, гуфт, ки Ҷеенбеков қабл аз расидан ба мақоми президентӣ бо Ҳабибулло Абдулқодир, фарди марказӣ дар ин таҳқиқот мулоқот карда буд, аммо ҳеч гоҳе бо ӯ тарҳҳои муштаракӣ тиҷоратӣ надоштааст.

Достон Бекешев, вакили порлумони Қирғизистон дар шарҳи таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи фасодкории Хадамоти гумруки он кишвар пешниҳод кард, ки порлумон ҳукуматро ба истеъфо фиристад.

"Нахуст бояд бехатарии рӯзноманигорон таъмин шавад. Ин таҳқиқоти ҷиддӣ аст. Дуввум, бояд роҳбарони Додситонии кулл, пулиси молӣ, КДАМ ва Хадамоти гумрук ба истеъфо фиристода шаванд. Дар курсии онҳо касонеро бояд шинонд, ки ҷомеа ба онҳо эътимод дорад. Ва мо бояд аз роҳбарони нав тафтиши амиқро талаб кунем. Бояд парвандаи ҷиноӣ боз, пажуҳиш анҷом ва ҳамаи гунаҳкорон ҷазо дода шаванд. Мо вакилон бояд ҳукуматро ба истеъфо фиристем. Эътимоде дигар ба ҳукумат намондааст",-гуфт Бекешев.

Ин вакил дар сомонааш навишт, ки кишвар "дар ихтиёри қочоқбарон, фасодкорон, гуруҳҳои ҷиноӣ ва пулшӯён аст". Вай ҳамчунин аз шаҳрвандон хост, ки бетараф набошанд.

Алмамбет Шикмаматов, роҳбари ҷиноҳи порлумонии "Ота Макон" бар ин назар аст, пажуҳиши рӯзноманигорӣ дар бораи фасодкорӣ ба мақомоти қудратӣ асос медиҳад, ки тафтишотро шурӯъ кунанд.

Вай гуфт, президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бояд ба ин таҳқиқот вокуниш нишон диҳад. "Президент раиси Шӯрои амният аст. Ҳамчун роҳбаре, ки бо фасод мубориза мебарад, вай вазифадор аст, ба таҳқиқот вокуниш нишон диҳад. Агар вокунише нишон дода нашавад, пас ин нишонаи он аст, ки ҳукумат дар фасод ғарқ шудааст",-гуфт вакил.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд. Рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

Даъвати Помпео аз мардуми Эрон

Майк Помпео

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 21-уми ноябр аз эрониҳо даъват кард, ки видеову суратҳо ва маълумоти дигарро дар бораи саркӯби эътирозгарон аз тарафи режим ба онҳо фиристанд, зеро мақомоти Эрон оҳиста-оҳиста дастрасиро ба интернет кам мекунанд.

Помпео 21-уми ноябр ба забонҳои англисӣ ва форсӣ дар “Твиттер” навишт: “Амрико бадрафториҳоро ошкор мекунад ва ҷазо медиҳад.”

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои эронӣ хабар доданд, хизматрасонии интернет пас аз пурра баста шудан дар минтақаҳои гуногуни кишвар барқарор гардидааст.

NetBlocks, ки дастрасии умумиҷаҳонии Интернетро назорат мекунад, гуфт, “пайвастшавӣ ба ҷаҳон дар сатҳи камтар аз 15 дарсади сатҳи муқаррарӣ мемонад.”

Баста шудани интернет гирифтани тасвири рӯшанро аз эътирозҳои марговаре, ки тақрибан дар 100 шаҳру навоҳӣ дар саросари Эрон паҳн шуд, душвортар кард. Пас аз он ки ҳукумат 15-уми ноябр эълом кард, ки харидани бензинро кам мекунад ва ёриҳоро мебандад, дар Эрон эътирозҳо сар заданд.

Эрон ба маҳкумияти афзояндаи байналмилалӣ барои саркӯби эътирозҳо рӯбарӯ шудааст.

Дафтари Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон гузоришҳоеро зикр карда, ки нишон медиҳанд, “шояд даҳҳо нафар кушта ва шумораи зиёди одамон маҷруҳ шуда бошанд”.

Созмони Афви Байнулмилал гуфтааст, ҳадди ақал 106 эътирозгар кушта шудаанд.

Амрико муомилаи низомии Туркияву Мисрро бо Русия танқид кард

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия бо президенти Русия Владимир Путин

Як мансабдори баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Амрико муомилаи низомии Туркияву Мисрро бо Русия зери тозиёнаи танқид гирифт ва ҳушдор дод, ки агар ҳампаймонони Иёлоти Муттаҳида аз роҳи худ барнагарданд, ба зидди онҳо таҳрим ҷорӣ хоҳад шуд.

Ин мақом бе зикри номаш рӯзи 21-уми ноябр гуфт, агар Анқара мехоҳад, бо Вашингтон муносибати хуб дошта бошад, бояд аз харидани системаи дифоии зиддимушакии S-400 аз Русия "даст кашад". Туркия узви НАТО аст ва моҳи июли имсол аз Русия системаи дифоии зиддимушакӣ харид.

Ин боис шуд, ки Иёлоти Муттаҳида Туркияро аз барномаи ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 берун кунад. Ин мавзуъ дар мулоқоти раҳбарони Амрикову Туркия рӯзи 13-уми ноябр дар Вашингтон низ баррасӣ шуд.

Туркия бо вуҷуди ҳушдорҳои Амрико, аз Русия системаи зиддимушакии S-400 харидааст ва Вашингтон мегӯяд, ин таҷҳизот барои муқобила бо ҳавопаймоҳо ва мушакҳои НАТО сохта шуда, метавонад маълумоти пинҳонии ҳавопаймоҳои F-35-ро ҷамъ биорад.

Туркия мегӯяд, солҳо барои дарёфти системаи дифоии зиддимушакӣ бо аъзои НАТО ва Амрико музокира кард, аммо онҳо тибқи шартҳои Анқара ба додани ин таҷҳизот ҳозир нашудаанд ва онҳо ночор аслиҳаро аз Русия харидаанд.

Дар Русия хоҳони таҳқиқи изҳороти Рамазон Қодиров шуданд

Рамазон Қодиров

Масъулони созмони ҳомии ҳуқуқи башари “Мемориал” ва гуруҳи Ҳелсинки дар Маскав бори дигар аз Кумитаи тафтишотии Русия хостаанд, ки даъвати Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистонро таҳқиқ кунад.

Қодиров қаблан гуфта буд, корбарони интернетро барои таҳқиру тавҳин дар олами маҷозӣ зиндонӣ кунанд, тарс диҳанд ва ё бикушанд. Вай изҳор дошт, ки таҳдиди куштану тарсондан бахше аз “ахлоқи чеченҳост”.

Олег Орлов, раиси созмони “Мемориал” гуфт, даъвати раҳбари Чеченистон шаъну шарафи мақомоти маҳаллӣ ва федеролиро паст мезанад ва нобоварӣ ба қонунҳои кишварро ба намоиш мегузорад.

Ба андешаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин изҳороти Қодиров таҳдиди рӯйирост ба ҳаёт, саломатӣ ва амнияти мунтақидони ҳукумати Чеченистон аст. “Изҳороти ба ин монанди мақомдорони чечен дар гузашта борҳо боис ба содир шудани ҷиноятҳои вазнин шудааст”, -- гуфтанд масъулони созмони “Мемориал”.

Мақомоти Кремл гуфтаанд, суханони Қодировро санҷиш намекунанд. Сухангӯи президенти Русия гуфт, барои анҷоми чунин санҷишҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд.

Пештар “Новая газета” хабар дод, ки аз моҳи августи имсол ба ин сӯ дар Чеченистон ба зидди афроди воломақом, аз ҷумла одамони наздик ба Рамазон Қодиров интиқомҷӯии сартосарӣ сурат мегирад. Дар зиндонҳои махфии ин кишвар мансабдорон ва кормандони мақомотро зери шиканҷа маҷбур мекунанд, ки иттиҳоми хиёнатро ба дӯш гиранд. Моликияти афроди боздоштшуда ва наздиконашонро мусодира мекунанд ва маҷбур мекунанд, ки ба Бунёди Аҳмад Қодиров миллионҳо рубл хайр кунанд.

Таҳқиқоти муштарак аз пулшӯии мақомоти қирғиз парда бардошт

Як соҳибкори марбут бо Қирғизистон, ки дар Туркия ба қатл расид, ба таври пинҳонӣ далелҳои зиёдеро дар бораи фасод дар Хадамоти гумруки Қирғизистон ва берун баровардани пули зиёд аз ин кишвар ҷамъ карда будааст.

Аэркин Сайматӣ, соҳибкори 37-солаи уйғур аз Чин, рӯзи 10-уми ноябр дар Туркия кушта шуд.

Дар ин бора таҳқиқоти муштараки Радиои Озодӣ бо расонаҳои қирғизӣ ва Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) рӯзи 21-уми ноябр нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, Сайматӣ аснодеро ҷамъ карда буд, ки бар асоси он раҳбарони пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон ва як шабакаи соҳибкорони уйғур бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба кишвар мол ворид намуда, миллионҳо доллар фоидаи орӣ аз андоз ба даст овардаанд.

Сайматӣ дар соли 2017 аз Қирғизистон фирор карда, исрор меварзид, ки аз амнияташ хавф дорад. Вай ба хабарнигорон санадҳое пешкаш кардааст, ки тибқи он, ин соҳибкор миллионҳо долларро аз Қирғизистон берун кардааст.

Ӯ афзудааст, бахши зиёди ин муомилаҳо шустушӯи пул мебошад.

Бахши бузурги ин сармоя ба шабакаи зери назорати Ҳабибулло Абдуқодир, як уйғури зодаи Чин будааст, ки шаҳрвандии Қазоқистонро дорад. Намояндагони оилаи Абдуқодир, намояндагони Хадамоти гумрук ва ниҳодҳои қудратии Қирғизистон ба дархости шарҳи санадҳои матраҳшуда посух надодаанд.

ИМА қасд дорад омилони таъқиби эътирозгарон дар Эронро таҳрим кунад

Вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео аз мардуми Эрон даъват кардааст, наворҳои видеоӣ ва дигар аснодеро, ки таъқиби эътирозгарон аз ҷониби ҳукумати Эронро собит кунад, ба ИМА тақдим намоянд ва Вашингтон омилони ин таъқибҳоро таҳрим хоҳад кард. Помпео дар ин бора рӯзи 21-уми ноябр бо забони анлисиву форсӣ дар шабакаи "Твиттер" изҳорот пахш намуд.

Таъқиби эътироз аз ҷониби ҳукумати Эрон, ки баъди маҳдуд ва боло бурдани нархи бензин сар задааст, аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Идораи олии комиссари ҳуқуқи башари Созмони Миллал тахмин кардааст ки дар эътирозҳои Эрон даҳҳо нафар кушта ва шумори зиёде кушта шудааст. Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Амнести Интернешинал навиштааст, ки дар эътирозҳои ахири Эрон камаш 106 эътирозгар ба қатл расидаанд.

Узбекистон аз додани қарзҳои боимтиёз даст мекашад

Сар аз 1 январи соли 2020 Узбекистон марҳила ба марҳила аз таҷрибаи додани қарзҳои боимтиёз даст мекашад. Чунин фармонеро роҳбари он давлат ахиран имзо кард.

Ҳуҷҷати имзошуда ба бонкҳои тиҷорӣ иҷозат медиҳад, ки ҳаҷми фоизро мустақилона муайян кунанд.

Танҳо барномаҳои давлатӣ ва қарзҳои кишоварзӣ имтиёз хоҳанд дошт.

Дар ҳоли ҳозир Бонки марказии Узбекистон ҳаҷми бозпардохт ё бозтамвилро 18 дарсад муайян кардааст. Барои мисол, дар доираи лоиҳаи "Ҳар хонавода - соҳибкор" қарзҳои 8 фоизӣ ва дар доираи барномаи "Ҷавонон - ояндаи мо" қарзҳои 7% дода мешавад.

Нурмуҳаммадзода: "Ҳар 2 бонки дучори мушкил ба фаъолият идома медиҳанд"

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки масъалаи бозхонд кардани иҷозатномаи фаъолияти "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" -- ду бонки калонтарини Тоҷикистон, дар миён нест. Ин гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар посух ба пурсиши вакилони Маҷлиси Намояндагон садод дод, ки аз тақдири амонатгузорони ин ду бонк нигаронӣ карданд.

Ҷаноби Нурмуҳаммадзода ҳамзамон гуфт, ки раванди бозгардонидани маблағҳои муштариён аз сӯи "Тоҷиксодротбонк" ва "Агроинвестбонк" идома дорад ва раҳбарияти ин бонкҳо талош доранд вазъро беҳтар кунанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳам гуфт, мушкили ин ду бонк бояд ба зудтарин фурсат ҳал шавад, чун "боварии мардум ба бонкҳо канда шудааст ва бояд онро баргардонд, то мардум пулҳояшонро дар бонкҳо бигузоранд".

"Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" пас аз рукуди иқтисодии Русия ва коҳиши қобили мулоҳизаи пулҳои фиристодаи муҳоҷирон дучори мушкил шуда, дар пардохти пули муштариён оҷиз монданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар оғози соли 2017 бо ихтисоси 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба "Агроинвестбанк" талош кард, ин ду бонкро аз вартаи касодшавӣ наҷот диҳад.

То ба ҳол пардохтпазирии ин бонкҳо пурра барқарор нашудааст ва даҳҳо амонатгузорон ҳанӯз интизори бозгардони маблағҳояшон аз бонкҳо ҳастанд.

Қаблан чанде аз созмонҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон машварат дода буданд, ки бонкҳои дучори мушкилро муфлис эълон карда ва дигар дар фикри наҷоти онҳо набошад.

Соли гузашта, дар пайи буҳрони бонкҳо дар Тоҷикистон, "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.

Пешниҳоди аз андоз озод кардани мошинҳои барқӣ дар Қирғизистон

Як гуруҳи вакилони порлумони Қирғизистон ворид кардани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳоеро пешниҳод карданд, ки иҷозат медиҳад, мошинҳои барқӣ аз андоз озод карда шаванд. Дар ин бора лоиҳае дар баррасии омма қарор дорад.

Андоз аз арзиши иловашуда барои мошинҳои барқие бекор карда мешавад, ки дар корхонаҳои Қирғизистон истеҳсол шудаанд. Ҳамчунин ҳангоми воридоти мошинҳои барқӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо боҷ ситонида нахоҳад шуд.

"Лоиҳаи қонун барои мошинҳои барқӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, ки дар кишвар истеҳсол ё аз хориҷ ворид карда мешаванд, имтиёзи андозӣ пешбинӣ мекунад. Ин як навъи ҳавасмандкунии шаҳрвандон ба гирифтани мошини барқӣ хоҳад буд",-мегӯянд вакилони қирғиз.

Пештар сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев дастур дод, ки барномаи тағйири парки автомобилии ниҳодҳои давлатӣ ба мошинҳои барқиро бе ҷудо кардани маблағи иловагӣ аз буҷаи давлат таҳия кунанд.

Русия қонуни рӯзноманигорони "агенти хориҷӣ"-ро қабул кард

Думаи давлатии Русия дар қироати севум лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-ро қабул кард, ки бар асоси он, минбаъд шахсони воқеӣ низ "агент" номида хоҳанд шуд. Барои намуна, онҳое, ки дар расонаҳо кор мекунанд ё дар Интернет матлаб нашр менамоянд, аллакай "агент" ҳастанд. Мақомоти Русия "Радиои Озодӣ", "Садои Амрико" ва телевизиони "Настояшее Время"-ро "агенти хориҷӣ" эътироф кардаанд.

Тағйиру иловаҳо ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки барои паҳни матлаб аз кишвар, ниҳод, шаҳрванд ё созмони хориҷӣ ва расонаи "агенти хориҷӣ" барои паҳни иттилоъ "пул ё амвол" дарёфт мекунад.

Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-и Русия соли 2012 қабул шуд. Дар аввал он ба созмонҳои ғайритиҷорие дахл дошт, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешуданд. Бештари созмонҳои ғайридавлатии Русия дар пайи қабули қонун беҳтар донистанд, ки фаъолиятро қатъ кунанд. Ҳоло ин "унвон" ба Бунёди мубориза бо фасоди мухолифи рус Алексей Навалний ҳам дода шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи рус ин қонунро як навъ фишор ба созмонҳои "нодаркор" меноманд.

"Тағйиру иловаҳои қабулшуда ба қонун "Дар бораи расонаҳо -- агентҳои хориҷӣ" аз сӯи порлумони Русия ба қатори "кӯшишҳои хатарнок ва афзояндае шомил мешавад, ки ба таъқиби рӯзноманигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигари хориҷӣ" равона шудаанд ва қадами навбатӣ барои он аст, ки шаҳрвандони Русия танҳо иттилои мавриди назари Кремлро дарёфт кунанд",-изҳор дошт президенти Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай.

Шаҳрдори қазоқ аз мақом барканор шуд

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 21 ноябр дар Твиттер навишт, ки шаҳрдори Тараз Кайрат Досаев аз мақомаш барканор шуд.

"Ба раиси вилояти Ҷамбил дастур дода шуд, шаҳрдори Таразро дар робита ба ҳодисаи як мактаби ин шаҳр, ки дар он хонандаи 12-сола осеб дид, аз мақом барканор кунад. Ба худи раиси вилоят огоҳӣ дода шуд",- афзудааст президенти Қазоқистон.

15-уми ноябр дар ҳоҷатхонаи яке аз мактабҳои шаҳри Тараз, ки дар кӯча ҷойгир аст, хонандаи синфи 7-ум таҷовуз карда шуд. Дар робита ба ин ҳодиса тафтишотро оғоз карданд.

Кайрат Досаев​и 54-сола моҳи апрели соли равон шаҳрдори Тараз таъйин шуда буд. То ин дам ӯ ёвари раиси вилояти Алмато буд.

Барфи зудҳангом дар Тоҷикистон. ВИДЕО, АКС

Тайи рӯзҳои гузашта вазъи ҳаво дар Тоҷикистон якбора тағйир карда, ҳарорат поин омад.

Рӯзи 21-уми ноябр дар аксар минтақаҳои кишвар борон ва шаби гузашта дар бисёре аз гӯшаҳо, аз ҷумла, Суғду Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои атроф барф борид.

Дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки пойтахтро ба шимоли кишвар мепайвандад, аз шоми 21-уми ноябр боридани барф оғоз шуда, ҳанӯз идома дорад. Масъулони ширкати Инноватив Роуд Солюшнз, ки масъулияти нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳро ба дӯш доранд, гуфтанд, ҳаракати нақлиёт дар ин масир таъмин аст.

Қаблан Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки бинобар ворид шудани ҳавои сарди арктикӣ вазъи ҳаво дар кишвар тағйир мекунад. Бино ба иттилои манбаъ, то 23-юми ноябр дар аксар минтақаҳои кишвар барфу борон меборад.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинон хостааст, дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд ва ба минтақаҳои кӯҳистонӣ сафар накунанд ва ҳамчунин аз рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ҳезумҷамъкунӣ ва молчаронӣ худдорӣ варзанд.

Барфи аввал дар Душанбе (бидуни шарҳ)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

ИМА мегӯяд, “нерӯҳои мушакии Эрон бузургтарин дар минтақа аст”

Оҷонси истихбороти низомии Амрико дар гузориши нави худ мегӯяд, барномаи “густарда”-и Эрон имкон додааст, ки ин кишвар “бузургтарин нерӯҳои мушакиро дар Ховари Миёна” созмон диҳад. Дар гузорише, ки Пентагон 19-уми ноябр нашр кард, гуфта мешавад, “шумора ва тавонмандии нерӯҳои мушакӣ новобаста ба талошҳо аз ҷилавгирии рушди он бештар мешавад”.

Дар он таъкид шудааст, “новобаста ба даҳҳо сол таҳрим ба зидди барномаи мушакии Эрон нерӯҳояш тавони партоби мушакро то ба рақибони минтақавиаш ба масофаи то 2 ҳазор километр дорад.

“Бо он ки Эрон нерӯҳои ҳарбии ҳавоии муосир надорад, мушакҳои баллистикиро ба роҳ монд. Бо ин силоҳи зарбазан дар масофаи дур Эрон ҳамлаи эҳтимолии рақибони минтақавии худ – хусусан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил ва Арабистони Саудиро пешгирӣ кард”, -- омадааст дар гузориш.

Эрон ҳамчунон аз амалиёти ғайрианъанавии ҳарбӣ кор мегирад ва шабакаи “нерӯҳои низомӣ ва миёнравҳо”-ро дорад, ки имкон медиҳад дар минтақа манфиатҳои худро пеш барад.

Дар гузориш ҳамчунон гуфта мешавад, Теҳрон ба ҳаракати шиаҳо, аз ҷумла Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва ҳусиҳо дар Яман аз ҷиҳати моливу сиёсӣ кумак расонида, бо адабиёти таълимӣ таъмин мекунад.

Дар даҳ сол 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистонро зиндонӣ кардаанд. ВИДЕО

Дар даҳ соли ахир 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла як додраси занро ба зиндон маҳкум кардаанд. Дар ин бора рӯзи 21-уми ноябр раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони додгоҳҳо иттилоъ дод ва гуноҳи асосии онҳоро "ҷиноятҳои коррупсионӣ" ном бурд.

Бархе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Коршиносон ба мустақил набудани ин шохаи ҳокимият таъкид доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе дар мулоқот бо додрасҳо дар Душанбе гуфт, "ҳамчунин дар даҳ сол 16 корманди дастгоҳҳои судҳо барои содир кардани ҷиноят маҳкум гардиданд" ва ӯ чунин вазъро "бисёр нигаронкунанда ва боис ба ташвиш" хонд.

Аммо сафи онҳое, ки дар ин даҳ сол аз кор дар додгоҳҳои кишвар ронда шуда, ба зиндон маҳкум нагардидаанд, бамаротиб зиёдтар аст. Танҳо дар соли 2018 тақрибан даҳ корманди додгоҳҳои кишвар бо гуноҳи "риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо" ва “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад" аз мақомҳои худ ронда шудаанд.

Мақомот ҷузъиёт надодаанд, ки қонуншикании додрасҳо ва паст задани шаъну эътибори онҳо чист, вале таҳлилгарон бештар ба ҳукмҳои хато ва вуҷуди фасод ишора мекунанд.

Бори охир рӯзи 30-уми октябри имсол президент фармони аз кор озод кардани Рухшона Раҳмонализода як додраси додгоҳи ноҳияи Синои пойтахтро содир кард. Аз он пеш Оҷонси мубориза бо фасод гуфт, Раҳмонализода аз як шаҳрванд барои ба манфиати ӯ ҳал намудани баҳси манзил 2 ҳазор доллар талаб кардааст.

Тобистони имсол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфта буд, мизони қонуншиканӣ дар миёни додрасҳои кишвар дар муқоиса ба солҳои гузашта кам шудааст ва онҳо пеш аз он ки додрасро ба кор бигиранд, як сол ба ҳайси коромӯз месанҷанд. Вале сокинони корафтода мегӯянд, дар воқеият чизи дигарро мебинанд.

Назари сокинонро дар бораи кори додрасҳо дар ин ҷо бинед, ки охири моҳи октябри имсол сабт шудааст:

Гуфтанд ба мо. Сокинон дар бораи адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед.
Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

Мақоми Пентагон: Украина дар рӯзи суҳбати Трампу Зеленский кумак хоста буд

Владимир Зеленский, Ҷо Байден ва Доналд Трамп

Мақомоти Украина 25-уми июли имсол, дар рӯзе, ки суҳбати телефонии баҳсбарангези президенти Амрико Доналд Трамп ва раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский баргузор шуд, аз манъи пешниҳоди ёриҳои низомӣ ба Киев изҳори нигаронӣ кардаанд.

Муовини ёвари вазири дифои Амрико дар умури Русия ва Украина Лаура Купер рӯзи 20-уми ноябр ба қонунгузороне, ки масъалаи эҳтимоли импичмент ё изҳори нобоварӣ ба Трампро дар Конгресс баррасӣ мекунанд, гуфт, ҳамкорони ӯ аз сафорати Украина имейле гирифтанд, ки дар он дар бораи боздошта шудани кумакҳо хабар дода мешуд.

Купер дар суҳбат бо аъзои гуруҳи таҳқиқотии Маҷлиси Намояндагон, ки аз ҷониби демократҳо раҳбарӣ мешавад, гуфт, "кормандони сафорати Украина пурсидаанд, бо кумакҳои амниятии Украина чӣ шуд?"

Имейлҳо ахиран ба ӯ нишон дода шуданд ва баъди як суолу ҷавоби пушти дарҳои бастаи моҳи гузашта вай ин мукотибаҳоро ба аъзои маҷлис дод.

Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси Намояндагон инчунин аз зердастони Купер худи ҳамон рӯз дар бораи ёриҳои амниятӣ суол кард. Вале ӯ гуфт, “бо боварӣ” гуфта наметавонад, ки мақомоти украинӣ дар Киев дар бораи масдуд шудани кумакҳо хабар доранд, ё не. Вай афзуд, “инро ҳамкоронаш ба ёд оварданд ва эҳтимол онҳо аз ин чиз хабар доштанд”.

Ҷумҳурихоҳон пойфишорӣ доранд, ки ҳеч тиҷорате дар заминаи ин ки ба ивази кумакҳои низомӣ Украина мебоист ба таҳқиқи муовини пешини президенти Амрико Ҷо Байден ва писари ӯ шурӯъ мекард, вуҷуд надошт.

Як фаъоли ҳуқуқи башар дар Покистон "нопадид шудааст"

Идрис Хаттак

Идрис Хаттак, фаъоли ҳуқуқи башари Покистон, ки ба зидди поймол шудани ҳуқуқи одамон мубориза мекард, нопадид шудааст.

Хонаводааш рӯзи 20-уми ноябр ба расонаҳо гуфтанд, Хаттак ҳафтаи гузашта дар ҳоле ки ҳамроҳи ронандааш ба Хайбар Пахтунхва рафта буд, "гум шуд".

Кумисюни ҳуқуқи башари Покистон аз ин вазъият ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, "эҳтимол ин як нопадид шудани маҷбурӣ аст". Ин кумисюн рӯзи 20-уми ноябр дар “Твиттер” навишт: "Аз замони зоҳиран рабуда шудани Идрис Хаттак, мудофеи ҳуқуқи башару фаъоли сиёсӣ аз тарафи афроди ношинос дар ноҳияи Свобӣ як ҳафта гузашт."

Идрис Хаттак дар Навшаҳра, шимолу ғарби Покистон, барои созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Афви Байналмилал кор мекард.

Мақомоти Покистон дар ин бора изҳори назар накардаанд. Аммо Иқбол Афридӣ, намояндаи ҳизби ҳокими Таҳрик ва Инсоф ба Радиои Озодӣ гуфт, нерӯҳои амниятии Покистон "мардумро ҳаргиз бе далел боздошт намекунанд" ва афзуд, "агар ба зидди ӯ ҳеч иттиҳоме нест, озод карда хоҳад шуд".

Сербистон видеои "ҷосусӣ"-ро таҳқиқ мекунад

Саҳнае аз видео

Мақомоти Сербистон мегӯянд, гузоришҳо дар бораи ҷосусӣ бо ширкати як дипломати Русияро таҳқиқ мекунанд. Манзур видеое дар шабакаҳои иҷтимоист, ки дар он дида мешавад, як дипломати рус ба фарде, ки бовар меравад, узви баландпояи Хадамоти амнияти Сербистон аст, пул медиҳад.

Ана Брнабич, нахуствазири Сербистон рӯзи 20-уми ноябр гуфт, ба Хадамоти махсуси низомӣ дастур додааст, видео ва ин иддаоро таҳқиқ кунанд, марде, ки пулро медиҳад, маъмури Хадамоти ҷосусии низомии Русия аст ё не.

Видеоро рӯзи 17-уми ноябр дар саҳифае бо номи ‘Kdjuey Lskduf’ гузоштанд ва зери видео навиштаанд, ки “Мулоқоти афсари иттилоотии Русия бо ҷосуси серб”.

Дар видео дида мешавад, ки дипломати рус гӯиё дар назди як ресторане дар Белград, халтаи пластикиро медиҳад. Баъдан марди серб дар Осорхонаи Санъат дар Белград лифофаи дорои пулро аз ҳамон халтаи пластикӣ берун меорад.

Реля Зелски, раиси идораи иттилоотии Хадамоти Амнияти Сербистон гуфтааст, "бешак собит шуд, марде, ки дар видео аст, афсари иттилоотии рус мебошад." Зелски номи фарди дигареро, ки дар видео рӯяшро тира кардаанд, ифшо накард.

Дар мошини фаъоли қазоқи мухолифи нуфузи Чин каллаи саг гузоштанд

Афроди номаълум мошини фаъоли ҳуқуқи башари қазоқ Нурҷон Муҳаммадовро тахриб намуда, дар курсии ронанда каллаи сагро ҷой додаанд. Тирезаҳои мошин шикаста, ҳавои чархҳояш хориҷ ва дар тани он калимаи ноҷо навишта шудааст.

Нурҷон Муҳаммадов гуфт, "ман ин амалро бо афкори сисёсиам марбут медонам. Ҳеҷ шубҳа надорам. Сухани ман ҳақ аст ва ман бар зидди тавсеаи ҳузури Чин ҳастам. Ҳадафи онҳо бидуни шубҳа тарсонидани ман аст. "

Муҳаммадов мухолифи тавсеаи рӯзафзуни ҳузури иқтисодии Чин дар Қазоқистон аст. Ӯ ҳамчунон ба ҳимоят аз маҳбусони сиёсӣ ва мардуми бехонаву ҷой садо баланд кардааст. Соли равон Муҳаммадов чанд дафъа ба мудддати кӯтоҳ ҳабс шудааст.

Тарафдорони Муҳаммадов ба идораи додситонӣ рафта, тафтиши ҳамларо талаб кардаанд. Мухтор Аристон, аз додситонӣ гуфт, "тафтиши ин қазияи авбошӣ оғоз ёфт. Ҳодиса ҳамин рӯз ба вуқӯъ пайвастааст".

Рӯзноманигор: "Пас тафтиш расман шурӯъ шуд?"

Мухтор Аристон: "Бале, мо аз полис аризаи хос дастрас кардем."

Дар гузашта низ ба журналистони мустақили Қазоқистон ҷасади саг ва ё сари саг фиристода буданд.

Шумкентай Бортебай, сокини Чимкент ва яке аз тарафдорони Муҳаммадов гуфт, "ин бори аввал нест. Ахиран, аснои мурофиаи парвандаи Нурҷон Муҳаммадов, мошини вакили дифои ӯро тахриб карда буданд. Онҳо дар масофаи даҳ метр аз бинои додгоҳ ва дар рӯ ба рӯи дурбинҳои назорати ин коррро карда буданд".

Эргалӣ Қулбаев, сокини Чимкент ва як тарафдори дигари Муҳаммадов гуфт, "дар ин ҷо ҳуқуқи мо ҳимоят намешавад. Дар кишварҳои мутараққӣ сагро ҳам ҳимоят мекунанд ва кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Дар ин ҷо аз ҳуқуқи мардум ва фаъолони ҷамъиятӣ дифоъ намекунанд. Моро баробари ҳамон саг эҳтиром намекунанд".

USAID ба беморони сил дар Тоҷикистон $15 млн кӯмак мерасонад

Барои мубориза бо бемории сил Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилаллӣ ё худ USAID, ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Ба қавли Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ин созмон дар маҷмӯъ ҷиҳати коҳиши бемории сил дар Осиёи Марказӣ барои 5 сол беш аз 31 миллион доллар ҷудо мекунад. Аз ин маблағ беш аз 15 миллион доллар ба Тоҷикистон дода мешавад.

Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон яке аз 30 кишварест, ки дорои шумораи зиёдтарини гирифторони бемории сили ба доруҳои гуногун тобовар, ба шумор мешавад. Ҳар сол садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо бемории сил ташхис мешаванд.

Зимнан, тобистони имсол Тоҷикистон ҷазои шахсонеро сахттар кард, ки мубталои бемории сироятӣ, аз ҷумла сил ва вируси норасоии масунияти бадан ҳастанд, вале аз муоина ва муолиҷа сарпечӣ мекунанд. Онҳо аз 1100 то 1650 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Бино бар омори охирин, дар кишвар ҳудуди 10 ҳазор мубталои бемории сил ва беш аз 7 ҳазор гирифтори вируси норасии масъунияти бадан сабт шудаанд.

Дар амалиёти "Пиёдагард" беш 1500 тан дар Душанбе ҷарима шуданд

Нозирони роҳи Душанбе дар як ҳафтаи амалиёти вижа зери унвони "Пиёдагард" беш аз як ним ҳазор сокинон ва меҳмонони пойтахтро барои нақзи ҳаракат дар роҳ ҷарима кардаанд. Мақомот маълум намудаанд, ки асосан пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайро мекунанд.

Ба қавли дафтари Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, "истифода накардан аз гузаргоҳҳои зерзаминиву рӯизаминӣ ва гузаштани роҳ дар ҷойҳои муқаррарнагардида ё манъшуда ба ҳолатҳои садамавӣ боис мегарданд, ки баъзан худи пиёдагардон аз онҳо осеб мебинанд".

Манбаъ меафзояд, аз ҳар нафаре, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд, дар ҷоий ҳодиса 6 сомониву 88 дирам ҷарима ситониданд. Амалиёти "Пиёдагард" 11-уми ноябр оғоз шуда, 21-уми ноябр ба поён мерасад.

Боздошти як табиб дар Қазоқистон барои пайванди ғайриқонунии гурда

Мақомоти Қазоқистон аз боздошти сардухтури бемористони №1 шаҳри Чимкент Абилой Донбой хабар медиҳанд. Мақомот гуфтанд, дар бемористони таҳти роҳбарии Абилой Донбой ҷарроҳии ғайриқонунии пайвандсозии гурда анҷом шудааст.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, амалҳои ҷарроҳӣ давоми солҳои 2017-2018 сурат гирифтааст.

"Асосан шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон, Украина ба далели вазъи сахти моддиашон гурда мефурӯхтанд ва муштариҳои бемористон асосан шаҳрвандони хориҷи дур, аз ҷумла Исроил буданд",-омадааст дар хабари ВКД.

Абилой Донбой бо моддаҳои "Ширкат дар гуруҳи ҷиноии фаромиллӣ" ва "Буридани ғайриқонунии аъзои инсон" айбор мешавад. Пештар аз ин чанд тан аз табибони дигар бо айни ҳамин айбҳо боздошт шуда буданд.

Бозгашти дубораи опера ба Турманистон баъди 19 соли мамнуият

Дар Туркманистон баъди 19 соли танаффус опера - эҷоди оҳангсози итолиёӣ Руҷеро Леонкавалло "Масхарабозон" дубора рӯи саҳна омад.

Опера ва балетро замони роҳбарии президенти пешини он кишвар Сафармурод Ниёзов мамнуъ эълом карда буданд. Ниёзов бар ин назар буд, ки ин навъи санъат "бо фарҳанги туркманӣ созгор нест".

Намоиши охир дар доираи барномаи табодули фарҳангӣ байни Итолиё ва Туркманистон рӯи саҳна омад. Дар ин намоишнома ҳунармандони Туркманистон, аз ҷумла Амангелдӣ Аманов нақш офариданд. Амонов бори охир соли 2001 нақш бозида буд.

Сафармурод Ниёзов ҳам дар соли 2001 ин навъи санъатро дар кишвараш мамнуъ эълом кард.

Ҳомиёни ҳуқуқ Туркманистонро ба гуруҳи режимҳои пӯшидатарин нисбат медиҳанд. Ҳукумати он кишвар талош дорад, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти шаҳрвандонро зери назорат гирад.

Фавти ҳунарманд Гавҳар Шарипова бар асари хушунати як ронанда

Гавҳар Шарипова, ҳунарманди маъруфи Узбекистон аз мошин ба замин парида, ҷон бохтааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба раёсати корҳои дохилии вилояти Қашқадарё хабар доданд.

Ин ҳунарманд шаби 19 ноябр тақрибан соати 02:20 дақиқа дар километри 140-уми роҳи мошингарди "Самарқанд-Гузор" фавтид.

Ҳунарманд дар пайи хушунатҳои шаҳвонии ронанда дар ҳоле худро ба замин ҳаво додааст, ки мошин бо суръати 140 км/соат ҳаракат мекард.

"Ронандаи мошин Ш.Ф. соли таваллудаш 1990, сокини вилояти Сурхандарё аст. Ҳангоми мошин рондан нисбати ҳунарманд амалҳои шаҳвонӣ анҷом додааст",-менависанд расонаҳо.

Ронанда боздошт шуда, тафтишоти ҳодиса давом дорад. Дар сурати айбдор дониста шудани ронанда, эҳтимоли то 7 соли зиндон шудани вай мавҷуд аст.

Ҳомиёни ҳуқуқ: дар эътирозҳои Эрон беш аз 100 кас кушта шуд

Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи чоршанбе эълом кард, ки бар "тавтеаи душман" пирӯз шуданд. Дар ҷаласаи девони вазирон, ки мустақиман ба воситаи телевизион намоиш дода мешуд, эътирозҳои ахири кишварашро дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ шарҳ дод.

"Мардуми Эрон бори дигар аз имтиҳон гузашт ва нишон дод, ки намегузорад душман аз вазъ сӯистифода кунад",-изҳор дошт Руҳонӣ. Ӯ афзуд, ки мардум ҳаққи эътироз ба амали ҳукуматро доранд.

Расонаҳои расмӣ аз эътирозҳои ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳрҳои гуногун хабар доданд. Ба иттилои расонаҳо, дар миёни боздоштшудаҳо сокиноне низ ҳастанд, ки шаҳрвандии дигар кишварҳо, аз ҷумла Туркия ва Олмонро доранд.

Мақомоти Эрон пас аз оғози эътирозҳо, задухурди кормандони пулис бо тазоҳургарон ва кӯшиши дуздии бонку муассисаҳои давлатӣ дастрасӣ ба Интернетро дар ин кишвар қатъ карданд.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International бо истинод ба шоҳидон ва фаъолони эронӣ иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи пароканда кардани тазоҳургарон дар беш аз 20 шаҳри Эрон дасти кам 106 кас кушта ва наздики 1000 нафар боздошт шудаанд. Намояндаи Эрон низ аз ҳалокати даҳҳо нафар хабар дод. Мақомоти Эрон ин рақамҳоро рад мекунанд, вале шумори дақиқи қурбониёнро эълом намекунанд.

Эътирозҳо 15 ноябр якбора дар чандин шаҳри Эрон оғоз шуданд. Ба норозигии сокинон болоравии нархи бензин (тақрибан то ба 13 сент барои як литр) сабаб шуд. Мақомот гуфтанд, танҳо бо ҳамин роҳ имкони ҳалли мушкилиҳои иқтисодие вуҷуд дорад, ки дар пайи таҳримҳои ИМА ба миён омадаанд.

Ваҳид Мужда, таҳлилгари сиёсии афғон дар Кобул кушта шуд

Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки Ваҳид Мужда, коршиноси шинохтаи масоили сиёсӣ дар ин кишвар, шоми чаҳоршанбеи 20-уми ноябр дар роҳ ба сӯи масҷид дар наздикиҳои сафорати Русия дар шаҳри Кобул аз сӯи ду нафар мотосиклсавор ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва ба қатл расид. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки пулис қазияро таҳқиқ ва баррасӣ дорад.

Ваҳид Мужда зодаи вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистон ва дар як хонаводаи таҳсилкарда ба дунё омада буд. Оқои Мужда таҳсилоти ибтидоии худро дар Бағлон ва сипас дар Кобул ба поён расонд ва хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи Кобул буд.

Ӯ дар замони ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ шомили вазорати умури хориҷии он кишвар шуд ва баъд аз омадани Толибон, муддати панҷ сол дар ҳамон вазорат барои Толибон кор кард.

Ваҳид Мужда дар замоне, ки дар вазорати умури хориҷии Афғонистон кор мекард, китобе ба номи "Афғонистон ва панҷ соли султаи Толибон"-ро навишт.

Ӯ яке аз таҳлилгарони шинохташудаи масоили сиёсӣ дар Афғонистон буд ва дар аксар баҳсҳо дар телевизионҳо ва радиоҳо иштирок мекард.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми ноябри соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG