Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз ногузирии шикофи молиётии Амрико


Ҳаррӣ Рейд
Ҳаррӣ Рейд
Раҳбари аксарияти демократии Сенати Амрико ҳушдор дод, ки ин кишвар ҳафтаи оянда ба “шикофи молиётӣ” дучор хоҳад шуд. Ҳаррӣ Рейд гуфт, фурсатро то поёни сол барои расидан ба тавофуқ дар масъалаи будҷа кофӣ намебинад. Агар дар мавриди касри будҷа то 31 декабр тавофуқе ба даст наояд, коҳиши хароҷот ва афзоиши молиёт ба маблағи беш аз 600 миллиард доллар ба сурати автоматӣ ба иҷро медарояд. Ин метавонад бузургтарин иқтисоди дунёро дигарбора бо хатари пасрафт рӯбарӯ кунад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба хотири азсаргирии музокироти масъала бо аъзои Конгресс таътили худ дар Ҳавайяро барвақттар қатъ кард ва ба Вошингтон баргашт.
XS
SM
MD
LG