Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

458 қасди худкушӣ дар соли равон


Аз аввали сол дар Тоҷикистон 458 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд. Сомонаи TJinform бо такя ба намояндаи Кумитаи занон ва оила Маҳбуба Азимова навишт, ки аз ин шумор 238 танаш занон ва 95 тан ноболиғ будаанд. Мавридҳои худкушӣ назар ба соли гузашта дар маҷмӯъ 21 маврид камтар буда, вале дар миёни ноболиғон 7 маврид бештар шудааст. Беш аз нисф, ё 240 мавриди худкушӣ дар вилояти Суғд рух дода, вилояти Бадахшон бо ҳамагӣ 13 мавриди худкушӣ дар ин “сабқат” дар мақоми охирин ҷой гирифтааст.
XS
SM
MD
LG