Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози муҳокимаи парвандаи қатли Холмӯъмин Сафаров


Холмӯъмин Сафаров
Имрӯз дар Душанбе мурофиаи парвандаи қатли шавҳари хоҳари раисиҷумҳури Тоҷикистон идома хоҳад кард. Додгоҳи афроди муттаҳам дар қатли раҳбари 57-солаи корхонаи “Тоҷикҷангал” Холмӯъмин Сафаров дирӯз дар боздоштгоҳи пойтахт пушти дарҳои баста оғоз ёфт. Сафаров моҳи июн дар назди манзилаш дар маҳаллаи Автовокзали Душанбе кушта шуд. Бо иттиҳоми даст доштан дар қатли ӯ соҳибкор Диловаршоҳ Қосимов ва ду бародари ӯ Муҳаммадтоҳир ва Муҳаммадфозил бо иттиҳоми хабар нарасондан ба мақомот ба додгоҳ эҳзор шудаанд. Қосимов ибтидо ба даст доштанаш дар қатли домоди президент иқрор кард, вале баъдан гуфт, ки таҳти шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG