Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии раъйдиҳандагон аз сарқонуни нави Миср


 Ҳисоби овозҳои назархоҳии умуммии сарқонуни нави Миср
Ҳисоби овозҳои назархоҳии умуммии сарқонуни нави Миср
Ҷунбиши Ихвонулмуслимин ё худ Бародарони мусулмони Миср натиҷаҳои пешакии назархоҳии конститутсионии ин кишварро нашр кардаанд, ки бар пояи он 64 дар сади раъйдиҳандагони мисрӣ лоиҳаи сарқонуни навро дастгирӣ кардаанд. Даври дуюм ва ниҳоии назархоҳии умумимардумии Миср рӯзи шанбе доир шуда буд. Намояндагони Ҷабҳаи наҷоти милли мухолифи ҳукумат эътироф намудаанд, ки зоҳиран раъйдиҳандагон сарқонуни навро дастгирӣ кардаанд. Дар даври аввали назархоҳӣ, ки 15-уми декабр баргузор гашт, тахминан 57 дар сади овоздиҳандагон аз сарқонуни нави Миср пуштибонӣ карда буданд. Президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ мегӯяд, қабули сарқонуни нав барои рушди демократияи Миср муҳим аст. Вале мухолифини ӯ таъкид мекунанд, ки сарқонуни нав ниёзмандиҳои занон ва ақаллиятҳоро нодида мегирад.
XS
SM
MD
LG