Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мавзеи Русия ин нест, ки ҳукумати Асадро ба ҳар қимате нигаҳ дорад"


Раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, зарурати тағйир дар Сурияро дарк мекунад, аммо дар айни ҳол ҳушдор дод, ки талошҳо барои сарнагунии режими Асад метавонад ин кишварро бештар ба коми оташ бикашонад.

Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни нишасти матбуотии солонаи худ таъкид кардааст, ин кишвар мавзеашро дар баробари Сурия тағйир надодааст ва ҳамчунон бовар дорад, танҳо тавофуқ бар пояи музокирот, метавонад ба ҷанги дохилӣ дар он кишвар поён диҳад.

Раиси ҷумҳури Русия дар мавриди изҳороте, ки хабаргузориҳои ғарбӣ онро «бесобиқа» хондаанд, ки гӯё Русия аз ҳукумати Башор Асад фосила ва дурӣ гирифтааст, гуфт: «Мо медонем, онҷо чи мегузарад ва медонем ин хонавода чиҳил сол аст дар қудрат буданд. Шаке нест, ки лозим аст тағйире сурат бигирад.»

Владимир Путин изофа кардааст: «Мо нигарони чизи дигаре ҳастем. Ин ки баъдаш чи мешавад. Мо фақат намехоҳем бубинем, ки оппозитсияи феълии Сурия ба қудрат бирасанд ва оғоз кунанд ба ҷангидан бо давлати кунунӣ, ки он рӯз табдил ба оппозитсия шудааст. Чунин вазъият то абад метавонад идома пайдо кунад."

Раиси ҷумҳури Русия дар ин нишасти хабарӣ гуфтааст, мавзеи Русия ин нест, ки Башор Асад ва ҳукумати ӯро ба «ҳар қимате» дар қудрат нигаҳ дорад, балки мехоҳад «мардуми Сурия ба тавофуқе дар ин бора даст пайдо кунанд, ки чӣ тавр мехоҳанд ба зиндагӣ идома диҳанд ва чи тавр амнияти худ ва мушорикат дар ҳукуматро тазмин кунанд.»

Ба гуфтаи Владимир Путин, танҳо тавофуқ бар пояи гуфтугӯ метавонад «пеши фурӯпошӣ ва ҷилави як ҷанги дохилии бепоёнро дар он кишвар бигирад.»

Ин мақоми баландпояи русӣ дар ҳоле дар бораи ояндаи Сурия ибрози нигаронӣ кардааст, ки як гурӯҳи бозрасони мустақили ҳуқуқи башар дар гузорише, ки барои СММ таҳия кардаанд, гуфтаанд, ҷанг дар Сурия беш аз пеш ҷанги фирқаӣ мешавад ва шикоф миёни ақалияти алавӣ ва аксарияти суннӣ дар ин кишвар амиқтар мегардад.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ низ рӯзи чаҳоршанбе гуфтааст, нишонае аз поёни хушунатҳо дар Сурия дар ояндаи наздик дида намешавад.
XS
SM
MD
LG