Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғду Бодканд. Баҳси марзҳои номуайян, об ва роҳ


Мақомоти маҳаллии манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара масоили доғи наздимарзиро баҳс кардаанд.

Мақомоти маҳаллӣ ва раҳбарони минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд, ҳар сари моҳ, масоили доғи наздимарзиро дар суҳбати рӯбарӯ баррасӣ хоҳанд кард. Ин тасмим рӯзи 19-уми декабр дар нишасти масъулони минтақаҳои марзии ду кишвари ҳамсоя дар Исфара гирифта шудааст.

Абдухалил Шаҳидов, муовини раиси Шӯрои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, мегӯяд, дар ин нишаст нозирони минтақаии ҷамоати Чоркӯҳ ва сокинони бонуфузи 3 деҳаи қирғизнишини атрофи он - Оқсой, Самарқандак ва Яқтатир иштирок карданд. "Вале дар мулоқот аз ҷониби қирғизҳо раисони ҷамоатҳо ё касе аз муовинони онҳо бинобар машғул будан ба кори заруртаре ҳозир нашуданд",-афзуд ӯ.

Бо ин вуҷуд, дар ин нишаст масъалаи истифода аз манобеи обу замини минтақа мавриди баҳс қарор гирифтааст. Абдухалил Шаҳидов мегӯяд, "яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ин аст, ки мо дар маҳаллаи Сомониёни канори Чоркӯҳ мехоҳем атрофи мактаби рақами 64-ро девор бардорем, то ки чорво ба саҳнаш дохил нашавад. Дар ин маҳалла ҳудуди 100 хонаводаи тоҷикон ва 300 оилаи қирғизи деҳаи Куктоши ноҳияи Бодканд канори як роҳ зиндагӣ мекунанд. Ҳар бор чанде аз қирғизҳо девори мактабро шабона вайрон мекунанд. Чанде тахтаву дигар чизҳои мактабро ҳам дуздида бурданд."

Дар нишасти мазкур афроди соҳибнуфузи деҳаи Куктоши Қирғизистон гуфтаанд, минбаъд ба чунин амалҳо роҳ нахоҳанд дод. Онҳо аз ҳамсояҳои тоҷики худ тақозо кардаанд аз чунин мавридҳои муноқишаангез онҳоро саривақт дар ҷараён гузоранд, то якҷоя ва саривақт аз он ҷилавгирӣ кунанд.

Аммо ҷониби Қирғизистон ҳам баъзе даъвоҳо дорад, ки дар ин нишаст матраҳ кардаанд. Ба иддаои мақомоти қирғиз, ҷониби Тоҷикистон иҷоза намедиҳад бунёди роҳи автомобилгарди худ дар қисмати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараро мутобиқи созишномаи байнидавлатӣ идома диҳад. Сохтмони ин роҳ қисматҳои Уш-Бодканди Қирғизистонро мустақиман бо ҳам васл хоҳад кард. Ин роҳ барои Қирғизистон хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ду қисмати аз ҳам ҷудоафтодаи ин кишварро ба ҳам мепайвандад. Вале ба гуфтаи муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, бунёди ин роҳ аз нақшаи мувофиқагаштаи қаблӣ берун рафта, ба ҳудудҳои бештари Тоҷикистон таҷовуз кардааст.

Ба гуфтаи сокинони наздимарзӣ, омили аслии сар задании ин гуна талошу муноқишаҳо таъхир дар муайян ва нишонгузории хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Суғд аст, ҳудуди 270 километр тӯл дорад. Онҳо мегӯянд, аз ин рӯ ба умеди мақомоти болоӣ нашуда, дар сатҳи деҳаву ҷамоатҳо бо роҳи мулоқоту гуфтушунид ба хотима додани баҳсу ҷанҷолҳои муноқишаангез талош доранд.

Муноқиша ва низоъҳо дар минтақаҳои наздимарзии Суғду Бодканд умдатан сари истифода аз манобеи обу замин ва чарогоҳ рух медиҳанд. Зимнан, соле пеш қирғизҳо боғи навбунёд дар замини сокинони деҳаи Чоркӯҳ дар канори роҳи навбунёди Уш - Исфанаро хароб карданд, ки баҳсу муноқишаҳои доманадореро ба думбол оварда буд. Вале мақомоти тоҷику қирғиз мегӯянд, бо роҳи ҳамоҳанг намудани фаъолият мешавад сари вақт аз ин гуна ҳодисаҳои номатлуб пешгирӣ кард.
XS
SM
MD
LG