Пайвандҳои дастрасӣ

Сохтмони гузаргоҳи нави сарҳадӣ дар Бодканд


Мақомоти вилояти Ботканди Қирғизистон тасмим гирифтаанд, сохтмони гузаргоҳеро шурӯъ кунанд, ки равуои бошандагони чанд рустои доманакӯҳи ин вилоятро хеле сода хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамин ҳол бошандагони ин рустоҳо бидуни убури қаламрави Тоҷикистон худро аз як манзил ба манзили дигар расонида наметавонанд. Мамаҷон Бердишев, сухангӯи раиси вилояти Ботканд, тайи як сӯҳбати телефонӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, бунёди ин роҳ имкон хоҳад дод, ки сокинони чанд рустои минтақаи доманакӯҳ бидуни убури марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ба манотиқи дигари кишвараш равуо кунанд.

Ба гуфтаи сухангӯи раиси вилояти Ботканд, маблағи сохтмони роҳе, ки ду минтақаи Қирғизистонро ба ҳам васл хоҳад кард, аз буҷаи ҳукумати вилоят ихтисос ёфтааст. Ҳамсӯҳбатам афзуд, сохтмони ин роҳ маҳз бо дархости бошандагони рустоҳои доманакӯҳ сурат гирифт, ки маблағи зиёд талаб нахоҳад кард.

Бар асоси суханони Мамаҷон Бердишев, роҳе, ки қаблан минтақаи доманакӯҳро бо манотиқи дигари ин вилоят васл мекард, фақат барои интиқоли рама истифода мешуд. Вай гуфт, аммо дар инр авохир сокинони рустоҳои доманакӯҳ зимни равуо, ки бидуни убури қаламрави ноҳияи Исфара имконнопазир аст, ба мушкилоти зиёду печ дар печ мувоҷеҳ шудаанд.

Оқои Бердишев афзуд, ки фақат барои убури анклави Ворухи ноҳияи Исфара онҳо чанд бор аз тарафи марзбонони кишвари ҳамсояи Тоҷикистон пурсуҷӯ мешаванд. Ҳамсӯҳбатам гуфт, аз ин лиҳоз ҳукумати вилоят бо дархости ин сокинон барои ҳамвор кардани роҳи байни рустоҳои доманакӯҳ ва маркази вилоят маблағеро дарёфт кард, ки интизор меравад, ин мушкилотро аз байн хоҳад бурд. Ба гуфтаи Мамаҷон Бердишев, дар сурати тахту ҳамвор кардани ин роҳ васоити нақлиётии онҳо низ метавонад аз ин роҳ ҳаракат кунад.

Ба гуфтаи Мамаҷон Бердишев, шаҳрвандони зиёди кишвараш ҳазамон ҳангоми убуру марзи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона низ ба мушкилот мувоҷеҳ мешаванд. Вай гуфт, агар гузаргоҳ ё роҳи объезди Ботканд-Оқтурпоқ-Қадамҷо пурра мавриди истифода қарор гирад, он гоҳ мошинҳои боркашон ва мусофирбари кишвараш марзи Узбакистонро убур нахоҳанд кард. Гуфта мешавад, донорҳои байнулмилалӣ барои сохтмони ин роҳ ба Қирғизистон дасти кумак дароз кардаанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG