Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе. Гиромидошти ёди қурбониёни тирандозӣ дар Амрико


Як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷик рӯзи 17-уми декабр дар назди бинои сафорати Амрико дар Душанбе, ёди 27 мактаббачаи қурбониро гиромӣ доштанд.

Онҳо ба хотираи 27 мактаббачае, ки дар натиҷаи тирандозӣ дар мактабе дар шаҳраки Нютауни аёлати Коннектикут кушта шудаанд, шамъ афрӯхта, гулгузорӣ карданд.

Умедҷон Улуғов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (РТСУ), рӯзи душанбеи 17-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба хотираи 27 мактаббачае, ки дар натиҷаи тирандозӣ дар мактабе дар шаҳраки Нютауни аёлати Коннектикут кушта шудаанд, шамъ афрӯхта, гулгузорӣ карданд. Ба қавли мусоҳиби мо, ин лаҳзаи гиромидошти ёди 27 мактабхони қурбонӣ дар назди бинои сафорати Амрико дар Душанбе соати 4-и баъд аз зуҳри рӯзи душанбеи 17-уми декабр доир шуд.

Гиромидошти ёди қурбониёни тирандозӣ дар Амрико дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Аз ин пеш, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар номае ба Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар робита ба марги 27 нафар дар тирандозӣ дар як мактаби ибтидоӣ, изҳори ҳамдардӣ ва таслият кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома гуфтааст, хабари ба ҳалокат расидани кӯдакон дар мактаби Сенди Ҳук дар аёлати Коннектикутро бо андӯҳи зиёде дарёфт кардааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ин ҳодиса бори дигар собит мекунад, ки аҳли башар бояд дасти ҳамро гирифта, бо ҳар гуна зуҳуроти зӯроварӣ ва таҷовуз ба ҳуқуқи инсон муборизаи беамон барад.

Дар натиҷаи тирандозии як шахс дар мактабе дар шаҳраки Нютауни аёлати Коннектикут, ба камияш 27 нафар кушта шудаанд. Ин воқеа, ки рӯзи 14-уми декабр ба вуқӯъ пайваст, яке аз бадтарин куштори мактабиён дар таърихи Амрико шумурда мешавад.

Пулис мегӯяд, Адам Ланзаи 20-сола гумонбари тирандозист, ки низ дар ин моҷаро кушта шудааст. Хабарҳое низ ҳаст, ки вай пеш аз тирандозӣ дар мактаб, модари худро ба қатл расондааст. Модари ӯ дар кӯдакистони ин мактаб дарс медодааст ва низ дар миёни қурбониён аст. Бино ба хабарҳо, шогирдони ин зан низ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ҳамла ба мактаби Нютаун яке дигар аз силсилаи қатлҳои дастаҷамъонаи пурқурбонист, ки имсол дар Иёлоти Муттаҳида ба вуқӯъ пайваст. Аввали сол марди мусаллаҳ 12 нафарро дар як кинотеатри Колорадо ба қатл расонд. Мусаллаҳи дигар дар ибодатгоҳи сикхҳо дар Висконсин пеш аз он ки худро кушад, ҷони шаш нафарро рабуд.
XS
SM
MD
LG