Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай ба мулоқоти Барак Обама меравад


Нишасти хабарии раиси ҷумҳури Афғонистон бо вазири дифои Амрико дар Кобул.13-уми декабри соли 2012.
Нишасти хабарии раиси ҷумҳури Афғонистон бо вазири дифои Амрико дар Кобул.13-уми декабри соли 2012.

Барак Обама ва Ҳомид Карзай моҳи оянда дар Вашингтон нақш ва ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон баъд аз соли 2014-ро баҳс хоҳанд кард.

Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Кобул дар нишасти муштарак бо вазири мудофиаи ИМА Леон Панетта, президенти Афғонистон гуфт, мавзӯи асосии музокироти ӯ бо раҳбари ИМА арзёбии шумораи сарбозони амрикоӣ хоҳад буд, ки баъди беруншавии нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, яъне баъди соли 2014-ум дар хоки Афғонистон боқӣ мемонанд.

Панетта изҳор намуд, ки эҳтимол мулоқоти ду раҳбар дар ҳафтаи дуюми моҳи январ доир шавад. Дар мулоқот бо вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, ҷаноби Панетта гуфт: “Фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал Ҷон Аллен барномаи нерӯмандеро матраҳ намудааст, ки на танҳо солҳои 2013 ва 2014-ум, балки баъд аз онро ҳам мадди назар дорад. Ман бовар дорам, ки ИМА ва Афғонистон дар иҷрои ин барнома муттаҳид хоҳанд буд.”

Дар ҳоли ҳозир мақомоти ИМА ва Афғонистон музокироти фарогири нақш ва ҳузури нерӯҳои ИМА дар Афғонистонро баҳс мекунанд. Яке аз нуқтаҳои баҳс ин аст, ки сарбозони амрикоӣ дар ҳоли вайрон намудани қонунҳои Афғонистон, аз муҷозот масуният ё худ иммунитет хоҳанд дошт ё не?

Леон Панетта ва Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазирони дифои Амрико ва Афғонистон
Леон Панетта ва Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазирони дифои Амрико ва Афғонистон
Ба қавли мақомоти амрикоӣ, Қасри Сафед мехоҳад баъди соли 2014-ум аз 6 то 10 ҳазор низомиашро дар Афғонистон нигаҳ дорад, то онҳо дар таҳкими назму субот саҳм гирифта, имкон надиҳанд, ки шабакаи Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ тавоноии ҷангиашонро барқарор намоянд.

Панетта ба афзоиши нақши сарбозони афғон дар таъмини амнияти ин кишвар баҳои баланд додааст. Замоне ки Панетта бо мансабдорони Афғонистон музокирот пеш мебурд, дар ҷануби ин кишвар бомбгузори маргталаб болои як пойгоҳи низомии ИМА ҳамла кард. Тибқи гузоришҳои расида, бар асари ин ҳамлаи интиҳорӣ як сарбози амрикоӣ дар пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор ба ҳалокат расидааст. Панетта ин ҳамларо амали бемаънии ошӯбгарон номид, ки ҳадаф аз он ноором намудани Афғонистон аст.

Дар Қандаҳор фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар ҷануби Афғонистон генерал майор Роберт Абрамс гуфт, ки соли оянда ӯ ба сарбози камтаре эҳтиёҷ хоҳад дошт, зеро имконоти артиши афғон афзоиш меёбанд ва масъулияти амниятӣ ҳар чӣ бештар ба нерӯҳои афғон вогузор мешавад.
XS
SM
MD
LG