Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи сулҳи Нобелро ба раҳбарони Аврупо медиҳанд


Ҳерман Ван Ромпуй-раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо
Ҳерман Ван Ромпуй-раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо
Рӯзи душанбе дар пойтахти Норвегия ба раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ҷоизаи сулҳи Нобел тақдим хоҳад шуд . Пешбинӣ мешавад, ки дар толори Шӯрои шаҳри Осло раиси Кумитаи Нобел Тҳорбйорн Ягланд ҷоизаро ба Раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман Ван Ромпуй, раиси Комиссияи Аврупо Жозе Мануэл Баррозу ва раиси парламенти Аврупо Мартин Шултс таслим мекунад. Дар ин маросим тахминан 20 раҳбари аврупоӣ ва аз ҷумла кантслери Олмон Ангела Меркел ва президенти Фаронса Франсуа Олланд ширкат хоҳанд варзид.
Рӯзи якшанбе дар Осло Раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо гуфт:
Имрӯз мо як иттиҳодияи нерӯманде ҳастем, ки 27 узв дораду ба зудӣ тавсеа хоҳад ёфт. Ин шаҳодати нерӯ, иродаи сиёсӣ ва тахаййули воқеъбинона аст”.
Моҳи октябр Кумитаи норвегии Нобел эълон кард, ки Иттиҳодияи Аврупоро ба гирифтани ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2012-ум сазовор медонад, зеро ин созмон дар таҳкими сулҳи ин қораи ҷангзада саҳми бузург дорад. Дар ҳоле, ки раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо озими Норвегия шудаанд, дар пойтахти ин кишвар раҳпаймоии эътирозии мухолифини тақдими ҷоиза ба Иттиҳодияи Аврупо доир шуд.
Сокинони Норвегия ду дафъа дар назархоҳиҳои умумӣ вуруди кишварашон ба Иттиҳодияи Аврупоро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG