Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурсӣ дастури густариши ихтиёроти худро лағв кард


Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср.
Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср.

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср дастур дар мавриди густариши ихтиёроти худро бекор кардааст.

Салим Ал-Авво, сиёсатмадори исломгарои мисрӣ дар як конфронси хабарӣ пас аз дидори шуморе аз гурӯҳҳои сиёсӣ бо Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, эълом кард, дастур аз ин лаҳза лағв шудааст. Вай бо ин ҳол таъкид кард, ки ҳамапурсӣ дар мавриди пешнависӣ Қонуни асосии Миср, дар вақти муъайяншуда баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши Франс-пресс, дар пайи эътирозот алайҳи фармони Муҳаммад Мурсӣ ва ба дунболи ултиматуми артиш барои ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар Миср аз тариқи гуфтугӯ, рӯзи шанбе пас аз нишасти «гуфтугӯи миллӣ» ва музокироти Муҳаммад Мурсӣ бо шуморе аз раҳбарони гурӯҳҳои сиёсӣ, ӯ ба бекор кардани фармони худ, мувофиқат кард.

Тибқи гузоришҳо, бархе аз гурӯҳҳои мухолифи Муҳаммад Мурсӣ гуфтугӯҳои рӯзи шанберо таҳрим карда буданд ва маълум нест бекор кардани фармони густариши ихтиёроти раиси ҷумҳур, битавонад танишҳои мавҷударо коҳиш бидиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Салим Ал-Авво дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки ҳамапурсӣ дар бораи Қонуни асосӣ дар замони муқарраршуда, яъне 15-уми декабр баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, раиси ҷумҳури Миср тибқи Қонуни асосӣ наметавонад таърихи таъйиншударо тағйир диҳад.

Вай таъкид кардааст, дар сурате, ки пешнависи Қонуни асосӣ дар ҳамапурсӣ рад шавад, пешнависи нав аз сӯи касоне, ки аз сӯи мардум интихоб мешаванд, таҳия хоҳад шуд. Пешнависи кунунӣ аз сӯи касоне, ки парлумони Миср онҳоро интихоб карда буд, таҳия шудааст. Исломгароён дар парлумони Миср аксарияти курсиҳоро дар ихтиёр доранд.

Бекор кардани густариши ихтиёроти Муҳаммад Мурсӣ ва таъхир дар ҳамапурсии пешнависи Қонуни асосии Миср, ду хостаи аслии мухолифони Муҳаммад Мурсиро ташкил медиҳад. Хостаҳое, ки боиси тазоҳурот ва хушунат дар ин кишвар шуд.

Нишасти «гуфтугӯи миллӣ дар Кохи раёсати ҷумҳурии Миср рӯзи шанбе оғоз шуд. Муҳаммад Мурсӣ шомгоҳи панҷшанбе дар нутқи телевизионии худ, ҳама ҷонибҳоро ба гуфтугӯ даъват карда буд.
XS
SM
MD
LG