Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Миср хостори музокироти сиёсӣ шуданд


Низомиёни Миср эълом доштанд, ки аз музокирот ба хотири ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар пуштибонӣ мекунанд. Онҳо ҳушдор додаанд, ки рад кардани гуфтушунид паёмадҳои фоҷиабор хоҳад дошт.

Ин нахустин изҳороти раҳбарони нерӯҳои мусаллаҳи Миср баъд аз шурӯъи намоишҳои оммавӣ зидди раисиҷумҳури Муҳаммад Мурсӣ мебошад.

Мухолифини раисиҷумҳур алайҳи аз ваколатҳои бесобиқа бархурдор шудани ӯ эътироз мекунанд. Муҳаммад Мурсӣ ҳамчунин тарҳи Қонуни асосии Мисрро пазируфт, ки дар он ба гуфтаи мухолифин, аз ҳуқуқҳои занону аққалиятҳои миллӣ сарфи назар шудааст. Раисиҷумҳури ҳамчунин тасмим гирифт, ки рӯзи 15 декабр дар робита ба Қонуни асосӣ раъйпурсӣ баргузор шавад.

Интизор меравад, ки имрӯз Мурсӣ бори дигар мухолифинашро сари мизи музокирот хонад. Онҳо аз ин пеш аз музокирот бо ҳукумат сарпечӣ карда буданд.

Шаби гузашта дар канори Кохи раёсатҷумҳурии Миср намоиши эътирозии даҳҳо ҳазор мухолифони Мурсӣ идома кард.
XS
SM
MD
LG