Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд 7 узви Ҳизбуттаҳрирро маҳкум ба зиндон карданд


Дар Хуҷанд ҳафт нафари муттаҳам дар узвият ба Ҳизбуттаҳрир маҳкум ба зиндон шуданд.

Додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Аҳроров ба хабаргузории Азия Плюс хабар додааст, ки эълони ҳукми додгоҳ дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Миёни айбдоршудагон се зан ва як ноболиғ ҳам ҳастанд. Ба гуфтаи Аҳроров, ҳамаи онҳо дар тарғиби Ҳизбуттаҳрир, ангехтани низои қавмиву нажодӣ ва мазҳабӣ, даъвати сарнагунсозии низоми давлатдории кунунӣ ва даъватҳо ба ифротгароӣ айбдор шуданд.

Хабаргузорӣ навиштааст, сокини 28-солаи шаҳри Исфара Мавлониддин Эрматов ва сокини ноҳияи Зафаробод Сатторқул Холиқулов, ки аз ин пеш барои ҳамин гуна ҷиноят зиндонӣ шуда буданд, ин дафъа 3 солиро дар маҳбаси низомаш шадид сипарӣ хоҳанд кард. Ислом Бобоеви 16-сола ва Сӯҳроб Ҳафизови 18-сола ба мӯҳлатҳои 6 ва 10 солӣ маҳкум шуданд.

Додгоҳ ҳамчунин Муҳайё Ҳафизов, модари Сӯҳроб Ҳафизовро барои 12 сол равонаи зиндон кард. Хоҳари ӯ – Муҳаббат Ҳафизова ба даҳ соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардид.Мунира Бобоева, модари Ислом Бобоеви ноболиғ, ба ҳашту ним соли маҳбас маҳкум шуд.

Ба гуфтаи додрас, маҳкумшудагон метавонанд тақозои бознигарии ҳукмро кунанд.

Фаъолияти Ҳизбуттаҳрир дар Тоҷикистон аз соли 2001 мамнӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG