Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абӯ Зайд аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин кушта шуд


Бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар шимолу ғарби Покистон 11 нафар, аз ҷумла, яке аз раҳбарони шабакаи “Ал-Қоида” Абӯ Зайд ба ҳалокат расид.

Ба иттилои намояндагони қабилаҳои маҳаллӣ, ҳавопаймо ба як мавзеъ дар Вазиристони шимолӣ, ки он ҷо афроди мусаллаҳ панаҳ ёфта буданд, зарба зад.

Бар пояи хабарҳо, Абу Зайд тобистони соли равон дар раҳбарияти “Ал-Қоида” ҷойгузини Абӯ Яҳё ал-Либӣ шуд ва яке аз афроди мӯътабар дар ин шабака маҳсуб мешуд. Ал-Либӣ ҳам бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба ҳалкоат расида буд.
XS
SM
MD
LG