Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири рус ба дарозумрии ҷавонони имрӯз умедвор аст


Насле, ки миёнаҳои солҳои 90 ум ба дунё омадааст, шанси дарозумрӣ дорад ва метавонад рекордҳои гузаштагони худро эҳё кунад. Ин хулосаи Вазорати беҳдошти Русия аст, ки бо такя ба имкони рушди соҳаи тиб ҳосил кардааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, базудӣ соҳаи тиб то дараҷае рушд мекунад, ки ҳатто ба табобати беморони лоилоҷ низ даст меёбад.

Хабаргузаории РИА Новости аз қавли Вероника Сквортсова, вазири беҳдошти Русия, ки дар конфронсе бо ширкати олимони ҷавон суханронӣ мекард, гуфтааст, бинобар пешгӯиҳои донишмандон, синни миёнаи ҷавонҳое, ки дар васати солҳои 90-ум таваллуд шудаанд, ба ҳисоби миёна 80 сол ва ҳадди аксар то 100 афзоиш меёбад.

Вазир аз ворид шудани кишвар ба соҳаи тибби навин хабар дод ва гуфт, ҳоло дар дар Амрико онҳое, ки баъди солҳои 95 ум ба дунё омадаанд замонати 100 сол зистанро дорад.

Аммо коршиносон иддаои вазири беҳдошти Русияро ба чолиш кашида мегӯяд, Амрико ба даҳгонаи кишварҳое ворид мешавад, ки барои таваллуд ва рушди инсон, дастрасии онҳо ба тибби навин имконият фароҳам кардааст.

Русия бошад дар рӯйхати кишварҳои нисбатан муносиб барои таваллуд ва рушди инсон шомил аст. Худи вазир миёнаҳои моҳи ноябр дар ҷаласаи вазорат гуфта буд, ки агар ҳукумат сармоягузорӣ ба соҳаи беҳдоштро афзоиш надиҳад, то соли 2020 як миллион нафар аз дунё мегузарад. Сармоягузории Русия ба соҳаи беҳдошт ҳоло 2,7 триллион руб муқарар шудааст.
XS
SM
MD
LG