Ба гузориши маркази зилзиласанҷии муассисаи геофизики донишгоҳи Теҳрон, ин заминларза соати ҳаштуними шаб ба вақти Теҳрон рух дод ва маркази он дар минтақаи Заҳон дар шарқи Эрон ва дар наздикии марз бо Афғонистон будааст. Маркази заминшиносии Амрико қувваи ин зилзиларо 5,4 дараҷа зикр кардааст. Шаҳри Заҳон дар 110 километрии Бирҷанд, маркази вилояти Хуросони ҷанубии Эрон воқеъ аст.
Як масъули давлатӣ дар мақомоти вилояти Хуросони ҷанубӣ бомдоди рӯзи панҷшанбе ба хабаргузории «Меҳр»-и эронӣ гуфтааст, шумори қурбониён ба ҳашт нафар расидааст. Вай ҳамчунон гуфтааст, ки дар деҳаи Шораҷ як кӯдак нопадид шудааст.
Ҳусайн Дурахшон, сухангӯи созмони имдод ва наҷоти Ҳилоли Аҳмари Эрон низ бомдоди рӯзи панҷшанбе ба хабаргузории ИРНА гуфт, гурӯҳҳои кӯмакрасон ба ҳамроҳи сагҳои ҷустуҷӯгар ба минтақаи зилзилазада фиристода шудаанд. Ба гуфтаи вай, бар асари ин зилзила роҳҳо ба сӯи ин минтақа вайрон гардида ва рафтуомад ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Ин мақоми эронӣ пешбинӣ кардааст, ки бинобар вайрон шудани баъзе хонаҳои фарсуда бар асари ин зилзила, эҳтимолан шумораи маҷруҳони ин ҳодиса, ки зери харобаҳо мондаанд, афзоиш ёбад. Ба гузориши хабаргузориҳои эронӣ, чандин пасларза минтақаи Заҳонро ларзонд ва мақомот аз мардум хостаанд аз ҳузур дар хонаҳои худ худдорӣ кунанд.
Бар пояи гузоришҳо, дар 15 деҳаи минтақаи Заҳон аксари хонаҳои дучори зиён ё тахриб шудаанд ва мардум дар берун аз хонаҳо ба сар мебаранд ва ин дар ҳоле аст, ки ҳавои минтақа ниҳоят сард мебошад. Инчунин гузориш шудааст, ки дар шаҳрҳои Заҳон ва Зеркӯҳ низ мардум дар беруни хонаҳо ҳастанд. Масъулони вилояти Хуросони ҷанубӣ дар Эрон гуфтаанд, ки бо имконоти худ метавонанд ба мушкилил мардуми зилзилизада расидагӣ кунанд.
Эрон аз ҷумлаи кишварҳои зилзилахези ҷаҳон ба шумор меравад ва солҳои ахир шоҳиди зилзилаҳои зиёде будааст. Аз ҷумла зилзилаи шадиди чанд сол қабл дар шаҳри Бам, мунҷар ба кушта шудани дастикам 26 ҳазор нафар шуда буд. Дар оғози соли ҷорӣ, ду зилзилаи бузург шимоли Эронро такон дод ва беш аз 300 нафар дар ин ду зилзила ҷони худро аз даст доданд.
Биноҳои фарсудаи деҳаҳо ва шаҳрҳои дар Эрон, ки аксаран бо масолеҳе монанди хишти хокӣ сохта шудаанд, дар баробари зилзилаҳои ҳатто миёна тоб намеоранд ва ин зилзилаҳо мояи харобиҳои густурда ва ҷон бохтани шаҳрвандон шудааст.