Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Сербистон дар НАТО худро кушт


Сафири Сербистон дар паймони НАТО рӯзи чаҳоршанбе аз гаражи бисёртабақае дар шаҳри Брюссел худро ба поён андохта худкушӣ кард. Ивиса Дасич, нахуствазири Сербистон, марги Бранислав Милинкович, дипломати собиқадорро “як ҳодисаи фоҷиабор” хонд ва гуфт, маълум нест, чаро ӯ худкушӣ кардааст. Ба гузориши расонаҳои сербӣ, Бранислав Милинкович дар пеши чашми як мақоми баландпояи вазорати умури хориҷии Сербистон худкушӣ кардааст. Сербистон узви НАТО нест, аммо дар ин паймон намоянда дорад. Бранислав Милинкович, соли 2009 сафири Сербистон дар НАТО тайъин шуда буд.
XS
SM
MD
LG