Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксҳои Муҳиддин Олимпурро намоиш медиҳанд


13 декабр дар солрӯзи қатли хабарнигор ва аккоси зиндаёд Муҳиддин Олимпур дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи аксҳои ӯ ифтитоҳ меёбад.
Ҳамза Камол-раиси Конуни байналмилии «Олимпур» рӯзи чоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо кумаки молии бунёди Сорос ҳудуди 40 акс аз бойгонии Олимпур дар толори рассомони Тоҷикистон мавсум ба «Мино», воқеъ дар хиёбони Беҳзод 80, ҷой дода мешаванд.
Ҳамза Камол меафзояд, ки ин аксҳо бештар манзараҳои мухталифи табиати Тоҷикистонро дар бар гирифта^ мазмуни фарҳангӣ доранд, вале то кунун дар ҳеҷ маҷалла ё рузномаву намоишгоҳҳо нашр нашудаанд.
Муҳиддини Олимпур, ки хабарнигори радиои форсии ББС дар Тоҷикистон буд^ 13 декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе аз тарафи афроди мусаллаҳ ба қатл расид.
Баъдтар чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар қатли ин хабарнигори тоҷик муҳокима ва зиндонӣ шуданд.
Пас аз марги Муҳиддин Олимпур то кунун ҳуҳуди 7 намоишгоҳи аксҳои ӯ таҳти унвони «Гулдухтарони тоҷик», «Афғонистон аз нигоҳи дoст», ва «Пирмардон» дар Душанбе баргузор карда шудааст.
XS
SM
MD
LG