Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарони мисрӣ кохи Мурсиро иҳота кардаанд


Маъмурони пулиси Миср дар шаҳри Қоҳира дирӯз бо гурӯҳе аз тазоҳургарони мухолифи раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ даргир шуданд ва алайҳи онҳо аз гази ашковар истифода бурданд. Бино ба гузоришҳо, тазоҳургарон сафи маъмурони пулисро шикаста ва аз симхорҳои атрофи кохи раиси ҷумҳур низ гузаштаанд. Баъди ин даҳҳо ҳазор нафар аз тазоҳургарон кохи раиси ҷумҳурро иҳота кардаанд. Ин тазоҳургарон алайҳи тамаркузи қудрат дар дасти раиси раиси ҷумҳур ва тарҳи Қонуни Асосӣ эътироз доранд, ки қарор аст, барои қабули он рӯзи 15 декабр раъйпурсии умумӣ баргузор шавад. Ба гуфтаи манобеъи ҳукуматӣ, Муҳаммад Мурсӣ дар дохили кохи раиси ҷумҳур будааст, аммо баъди бузургтар шудани издиҳоми тазоҳургарон, онҷоро тарк кардааст. Дар шаҳри Искандария ҳам тақрибан 10 ҳазор нафар алайҳи иқдомоти ахири Муҳаммад Мурсӣ эътироз кардаанд.
XS
SM
MD
LG