Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо куштаи сӯхтори корхонаи тавлиди пӯшок дар Бангладеш


Бар асари сӯхтор дар як корхонаи тавлиди пӯшок дар наздикиҳои Дакка-пойтахти Бангладеш, ки шаби шанбе рух дод, дастикам 112 тан ҷон додаанд.

Мақомҳои Хадамоти оташфишонии Бангладеш ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтаанд, ки ин оташсӯзӣ дар бинои ҳафтабақаи корхонаи “Tazrin Fashion” рӯй додааст ва сӯхторхомӯшкунон то бомдоди якшанбе 100 ҷасадро аз ин бино берун овардаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, 12 тани дигар ки талош карда буданд бо паридан аз табақаҳои ин бино худро аз оташ наҷот диҳанд, бар асари ҷароҳатҳояшон дар бемористон ҷон бохтаанд.

Сабаби ин оташсӯзӣ ҳанӯз маълум нашудааст ва мақомоти дар мавриди ин ҳодиса ба таҳқиқ оғоз кардаанд. Муҳаммад Маҳбуб, мудири амалиёти оташфишонии Бангладеш ба Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳо ҳамчунон идома дорад ва шумораи кушташудагони ин ҳодиса мумкин аст бештар аз рақами эъломшуда бошад.

Ба гуфтаи ин мақоми бангладешӣ, ин бино баромадгоҳ барои ҳолатҳои изтирорӣ надоштааст ва агар ҳадди ақал як баромадгоҳи изтирорӣ дар ин бинои вуҷуд дошт, шумори талафоти ин ҳодиса ба маротиб камтар аз ин буд.

Бангладеш дар ҳудуди чаҳор ҳазор корхонаи тавлиди пӯшок дорад, ки бисёре аз онҳо ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳанд. Ин кишвар солона ҳудуди 20 миллиард доллар аз содироти пӯшок, ки аксари он ба ба Амрико ва Аврупо меравад, даромад дорад.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG