Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Тоҷикистон хост, шиканҷаро решакан кунад


Кумитаи Созмони Милал алайҳи шиканҷа Тоҷикистонро барои саъйи нокофӣ ҷиҳати решакан кардани шиканҷа ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ интиқод кард.

Ин кумита, ки ду ҳафта пеш пеш иқдомоти Тоҷикистон барои решакан кардани шиканҷаву бадрафториро баррасӣ кард, рӯзи ҷумъа бо нашри хулосаҳои худ дар торнамои Созмони Милал, гуфтааст, ки аз гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафториву шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон, ба хусус дар боздоштгоҳҳои Кумитаи Амнияти Миллӣ ва Раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфта ҷиддан нигарон аст.

Дигар мояи нигаронии амиқ ба гуфтаи Созмони Милал, он аст, ки мақомоти Тоҷикистон, даъвову шикоятҳо аз бадрафторӣ ва шиканҷаро бетарафонаву зуд таҳқиқ намекунанд ва гунаҳкоронро беҷазо мегузоранд, ки ин сабаби худсарии бештар дар байни маъмурони амниятӣ мешавад.

Созмони Милал, қазияҳои марги Усмонбой Бобоев, Хуршед Бобокалонов, Аловуддин Давлатов, (Алии Бедакӣ), Дилшодбек Муродов, Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Давлатовро ёдовар шудааст, ки ба гуфтаи хешовандонашон, ё бар асари латукӯби бераҳмонаи маъмурони милиса ва ё дар натиҷаи зарбу шатта аз тарафи зиндонбонҳо ба ҳалокат расиданд. Баъзе аз ин қазияҳо хашми ҳомиёни ҳуқуқ ва матбуоти Тоҷикистонро барангехт ва мақомоти расмиро шармсор кард.

Кумитаи Созмони Милал алайҳи шиканҷа ҳамчунин аз он нигарон будааст, ки додгоҳҳои Тоҷикистон, ки ҳанӯз ҳам пойбанди ҳукумат ҳастанд, эътирофоту шаҳодатҳоеро, ки зери шатта ҳосил шудаанд ба инобат мегиранд ва шикоятҳои судшавандаҳоро аз бадрафторӣ нисбаташон сарфи назар мекунанд.

Кумитаи мазкур, ки дар нишасти худ дар рӯзҳои 7 ва 8-уми ноябр, талошҳои Тоҷикистон барои муқобила бо шиканҷаро бо ҳузури як ҳайати ҳукуматӣ таҳти раҳбарии Шерхон Салимзода, додситони кул, арзёбӣ кард, баъди натиҷагирӣ аз гузориши Тоҷикистон, аз вазъи зиндонҳои ин кишвар ибрози нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, шароити бади онҳоро беҳтар кунад.

Созмони Милал ин гузоришҳоро ёдовар шудааст, ки вазъи зиндонҳои Тоҷикистон бисёр бад аст, утоқҳои тангу сард, обу ғизои нокофӣ, норасоии либосу васоили хусусии беҳдоштӣ ва ҳамзамон бо ин хадамоти номуносиби тиббӣ сабаби бемориҳои мухталиф дар байни зиндониён мешавад.

Созмони Милал мегӯяд, агарчӣ мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки зиндониён метавонанд, дар сурати вуҷуди шиканҷа расман ва дар номаи баста шикояти худро ба мақомот бирасонанд, аммо зиндониёни тоҷик бисёр вақт коғазу қалам ҳам надоранд.

Дар бораи бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон, Созмони Милал мегуяд, бо вуҷуди таъсиси телефони махсус барои гирифтани ингуна шикоят ва сафарбар шудани воҳидҳои сайёри назоратӣ ба қисмҳои низомӣ, бадрафторӣ нисбат ба сарбозон аз тарафи афсарон ё ҳамхидматонашон ҳамчунон зиёд боқӣ мемонад. Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон хостааст, барои решакан кардани ин зуҳуроти бад дар артиш, ҳаргуна иттиҳомот дар ин заминаро таҳқиқ карда ва гунаҳкоронро ҷазои сазовор бидиҳаду натиҷаҳои онро ба ҷомеа бигӯяд.

Кумитаи Созмони Милал алайҳи шиканҷа ҳамчунин аз хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон ва адами қонуне, ки ин корро ҷиноят мешуморад, ибрози нигаронии амиқ карда, гуфтааст, ки ин зуҳурот ҳам ба таври фарогир дар кишвар вуҷуд дорад ва мақомоти интизомӣ аз дахолат ба парвандаҳои хонаводагӣ худдорӣ мекунанд.

Дигар мушкиле, ки Созмони Милал аз он ёдовар шудааст, худдории қурбониёни шиканҷа ва шоҳидони он, аз шикоят ба мақомоти расмӣ аст, ки бим доштаанд, агар ин корро бикунанд, худашон азият хоҳанд шуд ва касе ҳам ба додашон нахоҳад расид. Созмони Милал мегуяд, ба онҳое, ки дар бораи ин парвандаҳо ошкор суҳбат кардаанд, ба мисли хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ, таҳдид карда ва онҳоро тарсонандаанд. Қазияи созмони “Ампаро” дар Хуҷанд низ намуна оварда шудааст, ки вазъи сарбозон ва бадрафториҳо дар артишро таҳқиқ мекард, вале баъди шикояти вазорати адлия баста шудааст.

Айни замон Созмони Милал аз 8 иқдоми кишвар барои муқобила бо шиканҷа истиқбол кардааст, ки аксаран қабул ва ё ислоҳи қонунҳое ҳастанд, ки ба таъйини ҷазо ва ислоҳи низоми додгоҳӣ иртибот доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ дар гузашта борҳо гуфтаанд, ки маъмурони амниятии Тоҷикистон барои ҳосил кардани эътироф, маҳбусону боздоштшудагонро бераҳмона шиканҷа мекунанд.

Аз ҷумла ба нерӯи барқ мемонанд, бераҳмона мезананд ва ё ҳатто таҷовузи ҷинсӣ мекунанд. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки чунин ҳодисаҳо аҳёнан мушоҳида мешаванд ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд.

Аз ҷумла Шерхон Салимзода, додситони кул дар нишасти Созмони Милал гуфт, ки аз соли 2008 то 2012, 130 шикоят аз шиканҷа ва бадрафторӣ дастрас кардаанд ва 39 корманди масъул барои ин чунин рафтор ҷазо гирифта ва аз ҷумла ба зиндон маҳкум шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, тайи се соли гузашта ҳамчунин барои боздошти ғайриқонунӣ, истифодаи зӯр ва дигар рафтори ғайриқонунӣ нисбати шаҳрвандон, 51 маъмури милиса ва 10 корманди зиндон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
XS
SM
MD
LG