Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи сафорат дар бораи баргузории интихоботи Амрико


Шарҳи сафорати Амрико дар бораи интихобот
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Як масъули сафорати Амрико дар Тоҷикистон шеваи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар кишварашро шарҳ дод.

Вестли Робертсон, намояндаи бахши кор бо расонаҳои хабарии Сафорати Амрико дар Душанбе, шеваи баргузории интихоботи президентӣ дар кишварашро барои бинандагони сомонаи "Озодӣ" шарҳ дод. Ӯ дар оғози сӯҳбати худ гуфт, он шаҳрвандони Амрико, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, пешакӣ раъй медиҳанд. Аз ҷумла, ӯ худашро мисол овард, ки аз иёлати Невада аст, аммо ба далели ин ки дар зодгоҳаш нест, ба ӯ баргаи раъй фиристодаанд, то пеш аз интихобот овоз диҳад.

Ҷаноби Вестли гуфт, интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико бештар на ба овози раъйдиҳандагон, балки ба раъйи намояндагони мардум дар Конгресс сахт вобастааст. "Ҳар як иёлат вобаста ба шумораи аҳолияш дар Конгресс намояндагони худро дорад",-гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, ҳар як иёлат дар алоҳидагӣ интихоботро баргузор ва аз натиҷаи овоздиҳӣ пас аз ба анҷом расидани маъракаи интихобот иттилоъ медиҳанд. Ҳамчунин ба гуфтаи Вестли Робертсон, гӯиё ба як анъана табдил шудааст, ки дар кадом иёлат бештар ба кӣ раъй хоҳанд дод, ба номзади ҷумҳурихоҳон ва ё демократҳо.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG