Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл гуфт, "интихоботи Амрико одилона нахоҳад буд"


Комиссияи марказии интихоботи Русия пешбинӣ кардааст, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико одилона нахоҳад буд.

Рӯзи сешанбе гузориши як идда созмонҳои ғайридавлатии Русия интишор шуд, ки бар пояи он интихоботи президентии ИМА на озод асту на одилона. Ҳамчунон ин гузориш таъкид мекунад, ки маъракаи пешазинтихоботӣ саршор аз хилофкорӣ будааст.

Ба қавли ин созмонҳои рӯ ба Кремл интихоботи президентии ИМА, ки дар он тамоми шароит барои пирӯзии Барак Обама фароҳам оварда шудааст, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ нест. Коршиносон мегӯянд, ин интиқоми Кремл ба танқиди интихоботи президентии ИМА аз тарафи Вашингтон аст.

Ба қавли муаллифони гузориши Пажӯҳишгоҳи Мардумии қонуни интихобот миллионҳо раъйдиҳандаи амрикоӣ ва аз ҷумла амрикоиҳои муқими кишварҳои дигар дар рӯйхатҳои интихобкунандагон сабт нашудаанд. Ба қавли муаллифон ҳам Обама ва ҳам Ромнӣ аз ҳуқуқашон сӯиистифода кардаанд, зеро аслан шаш нафар довталаби курсии президентии ИМА буданд. Ҳамчунон созмони ғайридавлатии Русия ёдовар шудааст, ки дар аёлати Тексас мақомот нозирони САҲА-ро ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ роҳ надодаанд.

Ҳафтаи гузашта раиси Комиссияи марказии интихоботи Русия Владимир Чуров ҳам аз интихоботи президентии ИМА интиқод кард. Баъд аз танқиди саросарии интихоботи Думаи давлатии Русия дар моҳи декабри соли гузашта Кремл ба масъалаи раъйдиҳӣ ҳассосият нишон медиҳад. Котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон ҳангоми арзёбии интихоботи Русия айбномаҳои таққалубро нигаронкунанда унвон дода буд. Нозирони САҲА ҳангоми арзёбии интихоботи президентии моҳи марти соли равон, ки бо пирӯзии Владимир Путин анҷом ёфт, “камбудиҳои ҷиддӣ” мушаххас карда буданд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG