Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзи дигари тарғиботи пуршиддати Обама ва Ромнӣ


То интихоботи президентии Амрико як рӯзи дигар мондааст ва номзадҳо фақат имрӯзро барои корзори тарғиботӣ доранд.

Аз назари тарафдорон, миёни Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва рақиби ӯ аз Ҳиби Ҷумҳурихоҳ Митт Ромни фосилаи зиёде нест, вале бино ба назархоҳиҳо, ҳаводорони Барак Обама дар аёлатҳои ба истилоҳ “калаванда” дар Амрико андаке бештар будааст, ки раъйи онҳо барои натиҷаҳои интихобот сарнавиштсоз аст.

Раиси ҷумҳури Амрико на бар асоси раъйи мустақими тамоми мардум, балки бар пояи орои теъдоди намояндагони вакилони ҳар аёлат дар Иёлоти Муттаҳида, интихоб мешавад. Барои пирӯз шудан дар интихобот яке аз номзадҳо ҳадди аққал бояд раъйи 270 ҳавзаи умумии интихоботиро ба даст биёрад. Калиди пирӯзии яке аз номзадҳо, аёлати Оҳайо аст, ки 18 ҳавза дорад.

Барак Обама, рӯзи якшанбе дар аёлати Ню Ҳемпшир гуфт, ки сахт кӯшиш хоҳад кард, то дар зиндагии мардум тағйири воқеъӣ сурат бигирад: “Ман ҳамеша ба қавли худам меистам. Ман ҳақиқатро мегӯям ва ҳар рӯз барои шумову хонаводаҳои шумо сахт заҳмат хоҳам кашид ва то замоне, ки шарафи раиси ҷумҳури шумо будан, насиби ман аст. Аз ин рӯ ҳар вақте аз худ мепурсед, кӣ барои шумо заҳмат мекашад ва тағйири воқеъӣ меорад, бидонед, ки ман медонам, ки тағйири воқеъӣ чӣ гуна аст, зеро дар канори шумо барои он заҳмат бурдаам. Ман барои он далел дорам, ман барои он мӯи сари худро сафед кардаам.“

Аммо Митт Ромни дар аёлати Оҳайо ба раъйдиҳандагон гуфт, ки Барак Обама дар даври аввали раёсати ҷумҳуриаш пешрафти андаке доштааст ва барои ҳамин сазовори даври дуввум нест: “Ман аз онҳо хостам, ҳамаи суханрониҳову тарғибот ва ҳамаи ҳамлаҳоро канор гузошта ба натиҷа бингаранд, зеро медонед, ки суханронӣ холӣ аст ва натиҷа муҳим аст, ки онро бо саъйи воқеъӣ ба даст меоред. Тағйиротро бо нутқу суханронӣ андоза намегиранд, тағйиротро бо дастворад андоза мегиранд. Аз ин рӯ ба собиқа бингаред.”

Тибқи гузориши як созмони мӯътабари ғайриҳукуматии Амрико, барои интихоботи имсолаи раёсати ҷумҳурӣ 2 миллиарду 600 миллион доллар харҷ мешавад, ки назар ба интихоботи соли 2008 200 миллион доллар камтар аст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG