Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон роҳҳои оштӣ бо Русияро ҷустуҷӯ мекунад


Раисони ҷумҳури Русия ва Гурҷистон.
Раисони ҷумҳури Русия ва Гурҷистон.

Ҳукумати нави Гурҷистон ба раҳбарии нахуствазир Б. Иванишвилӣ, намояндаи вижаи худро барои ҳамкорӣ бо Русия таъйин кард.

Барқарориии муносиботи Гурҷистону Русия дар маъракаҳҳои интихоботии Гурҷистон ба масъалаи муҳим табдил ёфта буд ва Иванишвилӣ дар мулоқотҳо гуфта буд, ки ин муносиботро ба танзим медарорад.

Зураб Абашидзе -дипломати варзидаи гурҷӣ мақоми намояндаи хоси ҳукумати Гурҷистон барои Русияро бар ӯҳда гирифтааст. Вай дар солҳои 1998-2004 сафири Гурҷистон дар Маскав буд.

Таҳлилгарон ин тасмими ҳукумати Гурҷистонро қадаме ба сӯи муколимаи миёни ин ду кишвар тавсиф кардаанд. Ба суоли” Озодӣ” дар ин бора, ки худи Зураб Абашидзе барқарории тамос ё муносибот бо Русияро чӣ тарз арзёбӣ мекунад, чунин гуфт: “Ман барои он ба ин мақом таъйин шудам, ки муколимаи сисёсиро
Нахуствазир Бидзина Иванашвили сафири пешини кишвараш дар Русия Зураб Абашидзеро намояндаи вижаи худ барои ҳамкорӣ бо Маскав таъйин кард.
Нахуствазир Бидзина Иванашвили сафири пешини кишвараш дар Русия Зураб Абашидзеро намояндаи вижаи худ барои ҳамкорӣ бо Маскав таъйин кард.
роҳандозӣ кунам. Бидуни шак чаҳорчӯбаи музокироти Женева бояд ҳифз шавад, аммо ҳоло сухан дар бораи чаҳорчӯбаи нави музокирот меравад, ки талош кунем дар он ба таври мустақим доираҳои васеи масъалаҳо баррасӣ шавад. Инҳо масъалаҳои амният, ҳамкориҳои минтақавӣ, робитаҳои тиҷоратӣ ва аз ин қабил масъалаҳо мебошанд. Мо дар ин бора тасмими ҷиддӣ гирифтаем ва дар Маскав ба эҳтимоли зиёд аз ин хабар доранд. Дар ин бора аз роҳҳои дипломатӣ хабари махсус фиристода мешавад. Мо ҳоло интизори вокуниши ҷониби Русия ҳастем”.

Яке аз масъалаҳои мушкил дар музокирот ё дар муколамаи миёни ин ду кишвар ишғоли Абхозистон ва Асетияи Ҷанубӣ аз сӯи нируҳои Русия дар рӯзҳои ҷанги кӯтоҳмуддати соли 2008 мебошад. Ин ҷумҳуриҳои Гурҷистон баъд аз ин ҷанг бо кӯмаки Русия худро мустақил эълон карданд ва Русия “истиқлоли давлатӣ”-и онҳоро ба расмият шинохт. Бо вуҷуди пофишориҳои Русия, ҳатто ҳеҷ як аз муттаҳидони наздикаш дар паҳнои Шӯравии пешин чунин истиқлолиятро эътироф накарданд, балки дар вуҷуди раҳбарони баъзе аз ин кишварҳо ҳароси ниҳоние ба бор омад, ки акнун Русия дар лашкаркашӣ таҷриба ҳосил кардааст ва мумкин аст замоне бо баҳонае ба сӯи “режимҳои гапнодаро” низ аслиҳа бардорад.

Аз Зураб Абашидзе пурсида шуд, ки оё дар музокироти Гурҷистону Русия масъалаи ишғол ё мақоми ҳуқуқии Абхозистон ва Асетияи Ҷанубӣ-ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ низ баррасӣ хоҳад шуд? Вай чунин посух дод: “Мо то ҳол намедонем, ки ин муколама воқеан оғоз хоҳад шуд. Ман бори дигар такрор мекунам, ки ин кор ба иродаи сиёсии Русия вобаста аст. Агар дар ҳамин чаҳорчӯба музокира оғоз шавад, дар ягон марҳилаи он албатта ин масъалаҳо баррасӣ хоҳанд шуд, зеро ин масъалаҳо дар муносиботи мо калидӣ мебошанд”.

Дар Гурҷистон дар бораи ишғоли ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ қонуне ба тасвиб расидааст ва маҳофили байналмиллалӣ низ ишғоли Абхозистон ва Асетияи Ҷанубиро сарзаниш кардаанд.
Бо назардошти ин мушкил, Абашидзе мегӯяд, музокирот бояд бо масъалаҳое оғоз шавад, ки эҳсосоти ҷонибҳоро бедор накунад, балки масъалаҳои соддатаре дар оғоз баррасӣ шавад ва барои тасмимгириҳои дуҷониба роҳро боз намояд.
XS
SM
MD
LG