Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйини замони интихоботи президентии ояндаи Афғонистон


Фазл Аҳмад Маънавӣ, раиси комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон.

Таърихи баргузории интихоботи раёсатиҷумҳури ояндаи Афғонистон ба таври расмӣ эълон шуд.

Фазл Аҳмад Маънавӣ, раиси комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарии муштарак бо мақомоти амниятии афғон дар Кобул гуфт, ки ин интихобот дар таърихи 5-уми апрели соли 2014 баргузор хоҳад шуд.

Замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳури ояндаи Афғонистон дар ҳоле аз сӯи комиссияи мустақили интихобот мушаххас шуд, ки аз қабл нигарониҳое дар заминаи адами баргузории он мутобиқи қонуни асосӣ, вуҷуд дошт. Аммо мақомоти комиссияи интихоботӣ гуфтанд, тасмими ниҳоӣ ва эълони замони баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ, метавонад ин нигарониҳоро бартараф намояд.

Дар ҳамин ҳол Шӯрои ҳамкории аҳзоб ва эътилофҳои сиёсӣ ва бунёди интихоботи озод ва одилонаи Афғонистон, аз иқдоми комиссияи мустақили интихобот дар бораи таъйини замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ истиқбол намудааст.

Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳар ахиран итминон дода буд, ки интихоботи ояндаи президентӣ дар кишвараш, дар замони таъйиншуда баргузор хоҳад шуд.

Масоили амниятӣ ва молӣ аз мушкилоти умдаи барои баргузории ин интихоботи ба шумор мераванд. Аммо бархе аз манобеъ дар комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба ваъдаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки дар бахши молии ин интихобот, мушкиле вуҷуд нахоҳад дошт.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG