Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мақомот натиҷаи ташхиси саломатии Шерикро пинҳон мекунанд"


Тафтиши парвандаи Шерик Карамхудоев, собиқ раиси бақши шаҳрии ҲНИТ дар Хоруғ, то моҳи декабр тамдид шудаст.

Зебо Қосимова, вакили дифои Шерик Карамхудоев, собиқ раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар Хоруғ, ки ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад, рӯзи чаҳоршанбе 31-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот тафтишоти парвандаи зерҳимояашро то моҳи декабр тамдид кардаанд.

Хонум Зебо мегӯяд, ташхиси ҳолати ҷисмонии Карамхудоев баъд аз он, ки дар Хоруғ мавриди латту кӯб қарор гирифтааст, ба таъхир афтода, тақрибан як моҳ аст, ки натиҷаи онро ба вакилони мудофеъ нишон намедиҳанд. Ба гуфтаи вай, воқеан Шерик Карамхудоев аз ноҳияи сараш ҷароҳат бардошта ва захмаш дӯхта шудааст.

Ба қавли вакили дифоъ, барояш мулоқот бо зерҳимояаш мамониате надорад, вале аз рӯзи интиқоли Кармахудоев ба Душанбе, то кунун мақомот ба ҳамсараш Манижа Майбалихонова иҷозаи дидор надодаанд.

Зебо Қосмимова афзуд, ки ду ҳафта қабл ба унвони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Додситонии кул Шерхон Салимзода нома ирсол дошта хоҳиш кардаанд, ки дар масъалаи мулоқоти ҳамсари Шерик Карамхудоев мусоидат кунанд. Аммо то ҳол посухе аз ҷониби Дафтари президенти Тоҷикистон ва ё Додситонии кулл дарёфт накардаанд.

Манижа Майбалихонова қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки шавҳараш ҳанӯз қабл аз боздошт дар Хоруғ аз дарди пой шадидан ранҷ мебурд. Хонуми Карамхудоев, аз қавли модари вай, ки пештар бо фарзандаш дар боздоштгоҳ мулоқот кард, мегӯяд дар боздоштгоҳ дарди пойи Шерик бештар шудааст.

Шерик Карамхудоев дар ҷараёни амалиёти рӯзи 24-уми июли соли равон дар Хоруғ боздошт шуда буд. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ҷараёни ин амалиёт ба нерӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.
XS
SM
MD
LG