Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дари то ҳол бастаи боздоштгоҳ ба рӯи вакилони Ш.Карамхудоев


Бо гузашти як моҳ аз боздошти раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ, мақомот иҷозаи мулоқоти вакилони дифоъ бо ӯро намедиҳанд.

Вакилони дифоъ мегӯянд, онҳо наметавонанд вориди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шаванд ва бо Шерик Карамхудоев, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хоруғ мулоқот намоянд.

Бузургмеҳри Равшан, яке аз чаҳор вакили мудофеи Шерик Карамхудоев рӯзи 10- уми сентябр ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки се рӯз қабл вақте бо исрори зиёд муваффақ шудааст, ки иҷозати Додситонии куллро барои мулоқот бо зерҳимояаш дарёфт кунад, аммо масъулини боздоштгоҳ ӯро аз роҳаш бозгарониданд ва иҷозаи вуруд надодаанд.

Ба қавли адвокат Бузургмеҳри Равшан, муовини сардори маҳбасхонаи тафтишотии Кумитаи амнияти миллӣ Ҳақназар Аминов, бо баҳонаи он ки масруфи қазияи бозори «Корвон» будааст, иҷозаи вохӯрӣ бо Шерик Карамхудоевро надод.

Карамхудоев рӯзи 24 июл, дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғ боздошт шуд ва додситонии кулл ӯро айбдор кард, ки алайҳи мақомот муқовимати мусаллаҳона нишон додааст. Аз боздошти Шерик Карамхудоев якуним моҳ мегузарад ва додгоҳ 4-уми августи 2012 иҷозати ҳабси ӯро додааст. Танҳо рӯзи 31-уми август наздикони Карамхудоев барои ҳимояи ӯ бо вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров аҳднома бастанд. Дар ҳамон рӯз Бузургмеҳри Равшан ба Додситонии кулл муроҷиат кард, вале дархости ӯ иҷро нашуд.

Муовини сардори гурӯҳи фаврии тафтишоти Додситони кулл Баҳридин Бозоров, ки роҳбари гурӯҳи муфаттишони қазияи Карамхудоев аст, рӯзҳои баъдӣ низ ба вакилони мудофеъи дигар, аз ҷумла Сергей Романов имконият надод, ки бо зерҳимояаш мулоқот кунад.

Бузургмеҳри Равшан ва дигар вакилони мудофеъ, ки наметавонанд ба мулоқоти Шерик Карамхудоев муваффақ шаванд, бештар аз вазъи саломатӣ ва рӯҳии зерҳимояи худ изҳори ташвиш мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки Шерик Карамхудоев дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ латту кӯби зиёд шудааст ва ӯро шиканҷа медиҳанд. Аз ин рӯ вакилони мудофеъро иҷоза намедиҳанд, ки бо ӯ мулоқот кунад ва аз вазъи ӯ огоҳ шаванд

Ҳамзамон, Манижа Майбалихонова, ҳамсари Шерик Карамхудоев, рӯзи 10-уми сентябр ба «Озодӣ» гуфт, ки шавҳараш ҳанӯз қабл аз боздошт, аз дарди пой шадидан ранҷ мебурд. Ба қавли хонуми Карамхудоев, дар муддате, ки вай дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешавад, ҷароҳати пояш боз бадтар шудааст.

Вай мегӯяд, ки бо вуҷуди муроҷиати бамаротиби модараш Покизамоҳ Иқболшоева намояндагони боздоштгоҳи мувақатии КДАМ иҷоза надодаанд то ӯ фарзандашро бубинад. Гузашта аз ин, ба қавли Манижа, ӯро бидуни ҳузури вакили мудофеъ муфаттишони Додситонии кулл дар Душанбе мавриди пурсиш қарор додаанд.

Манижа Майбалихонова мегӯяд, модари Шерик Карамхудоев дар бозгашт аз таъсири суолҳои мухталифи муфаттишон дар бораи фарзандаш, таҳти фишор қарор гирифта, бистарӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG