Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сэндӣ" бедодӣ мекунад. Шумораи қурбониён ба 45 тан расид


Тӯфони “Сэнди” ба риштаи умри 45 нафар миқроз задааст ва мақомоти Амрико мегӯянд, ки теъдоди қурбониён шояд афзоиш ёбад.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дирӯз гуфт, ки бӯҳрони эҷодкардаи тӯфони «Сэнди» ҳанӯз рафъ нашудааст. Ӯ мавзеъҳои тахрибашударо «минтақаи офат» эълон кард – ҳукумати федеролӣ ба ин мавзеъҳо барои рафъи паёмадҳои тӯфон кӯмак хоҳад кард. Дар аёлати Ню-Йорк вазъи изтирорӣ эълон шудааст.

Қарор аст, ки Барак Обама рӯзи чаҳоршанбе барои назорати авзоъ ба аёлати Ню-Ҷерсӣ равад, ба ин хотир ӯ маъракаи таблиғотии худ дар аёлати Огайоро лағв кард. Барак Обама дирӯз зимни боздид аз дафтари Салиби Сурх дар Вошингтон иқрор кард, ки "рӯзҳои сахт ҳанӯз дар пеш аст».

Ӯ афзуд, «мо албатта, ҳама хонаводаҳоеро дарк мекунем, ки зиндагияшон бесарусомон шудааст ва тайи рӯзҳо ва шояд ҳафтаву моҳҳои оянда бояд инро таҳаммул кунанд. Муҳимтарин паёми ман барои онҳо ин аст, ки Амрико бо шумост. Мо аз шумо пуштибонӣ мекунем ва мехоҳем ҳама корро анҷом диҳем, ки ба шумо барои дубора сари по истодан кӯмак кунем».

Митт Ромнӣ, рақиби Обама аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии рӯзи 6-уми ноябр, низ баъзе аз маъракаҳои таблиғотии худро лағв кард.

Дар ҳамин ҳол теъдоди қурбониёни тӯфони “Сэнди” дар Амрико то 45 нафар афзоиш ёфт. Мири Ню-Йорк Майкл Блумберг гуфт, ки дар ин шаҳр аз офати табиӣ 18 нафар ҷон бохтанд. Дар минтақаҳои офатзада корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ идома доранд ва аз ин рӯ шояд теъдоди қурбониён афзоиш ёбад.


Дар Ню-Йорк метро ва нақбҳо зери об мондаанд. Ба гуфтаи Майкл Блумберг, ҳаракати қаторҳо дар метро шояд баъд аз чаҳор-панҷ рӯз аз сар гирифта шавад. Дар шаҳр беш аз 20 сӯхтор рӯй дод, ки аз он даҳҳо бино осеби ҷиддӣ дидааст. Дар аёлати Ню-Ҷерсӣ ба хотири таъмини амният кори реакторҳо дар чанд нерӯгоҳи ҳастаӣ мутаваққиф карда шуд. Тӯфон беш аз 6 миллион сокинони шарқи Амрикоро бебарқ гузошт ва тақрибан миллион нафарро маҷбур сохт, ки тарки манзил кунанд.

Рӯзи сешанбе ҳам дари Биржаи саҳҳоми Ню-Йорк баста буд. Бори ахир ин Биржа дар охирҳои соли 80-уми қарни 19, ва он вақт ҳам бар асари ҳавои номусои тайи ду рӯз корашро таътил карда буд.

Тайи ду шабонарӯзи ахир дар иёлоти шарқии Амрико тақрибан 15 ҳазор парвоз дар хатсайрҳои дохиливу беруна лағв ё мавқуф гузошта шуданд. Рӯзи сешанбе кори се фурудгоҳи бузурги Ню-Йорк мутаваққиф шуда буд. Ахиран хабар расид, ки субҳи имрӯз фурудгоҳи ба номи Ҷон Кеннеди дар Ню-Йорк ва фурудгоҳи шаҳри Нюарк (аёлати Ню-Ҷерсӣ) қисман ба кор шурӯъ карданд.

Ҳанӯз ҳаҷми хисороти бар асари тӯфони «Сэнди» воридшуда маълум нест ва аммо коршиносон мегӯянд, ки он даҳҳо миллиард долларро ташкил хоҳад дод.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG