Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйиноти нави кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Рӯзи 30 октябр раисиҷумҳури Тоҷикистон иддаеро аз мақомашон барканор ва гурӯҳеро ба вазифаҳои нав таъйин кардааст.

Имрӯз, 30-юми октябр, бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Мирзоаҳмад Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Масчо таъйин шуда, раиси қаблии ин ноҳия -- Абдукарим Ҳикматов мудирияти корхонаи "Востокредмет"-ро соҳибӣ кардааст.

Абдурашид Хуҷамқулов раиси радио, Самариддин Гадоев раҳбари шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва Саид Сиддиқов, ки то ин дам раҳбари Шӯъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи иҷроияи президент буд, ба ҷои Ҳабибуллоҳ Нозирӣ муовини аввали раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон таъйин шудаанд.

Ҳуриннисо Ализода, ки то кунун сардабирии маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон"-ро бар дӯш дошт, муовини раиси Китобхонаи Миллӣ шудааст. Ализодаро дар мақоми сардабирии маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" Шаҳло Насридинова, муовини пешини раиси телевизиони давлатии "Сафина" иваз кардааст.

Бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин сардабирони нашрияҳои расмии "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овози"-ро ҳам иваз кардаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми октябр нафарони ба вазифаҳои нав таъйиншударо табрик гуфта, "онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар даъват кардааст."

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG