Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии се тан аз раҳбари мухолифони Русия аз боздоштгоҳ


Мақомоти Русия се тан аз пешвоёни мухолифинро аз боздоштгоҳ озод кардаанд.

Онҳо рӯзи шанбе ба дунболи роҳандозии як тазоҳуроти ба гуфтаи мақомот «ғайри қонунӣ», дар Маскав боздошт шуда буданд.

Тазоҳуроти беиҷозаро мухолифони давлати Русия ба нишони ҳимоят аз Леонид Развозжаев баргузор кардаанд, ки мегӯяд, ӯро дар Украина рабуда ва ҳамин ҳафта ба Русия оварданд.

Алексей Навалний, Иля Яшин ва Сергей Удалтсов аз яке аз марокизи пулиси Маскав озод шуданд ва дар берун аз ин марказ мавриди истиқболи ҳомиёнашон қарор гирифтанд.

Алексей Навалний пас аз озод шудан, хиттоб ба ҳомиёнаш гуфт: "Аксарияти шумо дар раҳпаймоии рӯзи шанбе дар Маскав ҳузур доштед ва дар гузориши пулис омадааст, ки гӯё ман фаълиятҳои бархе аз афродро раҳбарӣ кардам. Ин ҳама дурӯғи ошкор аст. Мутаассифона бархе аз дӯстони мо ҳанӯз дар маркази пулис ҳастанд ва мо бояд дар инҷо бимонем, то онҳо ҳам раҳо шаванд."

Сергей Удалтсов, раҳбари ҳизби чапгарои Русия гуфт: "Ба ӯ ҳушдор дода шудааст, ба пардохти 30 ҳазор рубл ҷарима, маҳкум хоҳад шуд."

Мақомоти Русия рӯзи гузашта се пешвои мухолифини давларо дар як тазоҳурот дар маркази шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Ба гуфтаи хабарнигорон, маъмурони пулис, Алексей Навалний, Иля Яшин дар кӯчаи Покровская дастгир карда ва ба мошин андохта бурдаанд. Пештар аз ин Сергей Удалтсов, раҳбари Ҷабҳаи Чапи Русия дар саҳифаи Твиттери худ навишт, ки ӯро ҳам дастгир кардаанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG