Мухолифини тарҳ мегӯянд, қонуни нав роҳро барои ба маҳбас афкандани мунаққидони Кремл боз мекунад. Дар ин тарҳ, ки рӯзи 23-юми октябр аз сӯи Думаи давлатии Русия пазируфта шуд, мафҳуми хиёнат ба Ватан густариш ёфтааст. Муаллифон, аз ҷумла, “расондани кӯмакҳои молӣ, техникӣ ва машваратӣ” ба онҳоеро, ки талоши тахриби амнияти Русия ва аз байн бурдани низоми конститутсионӣ ва якпорчагии онро доранд, низ хиёнат ба Ватан донистаанд.
Аз нигоҳи мунаққидон, қонуни нав имкон медиҳад ҳар сокини Русия, ки бо шаҳрванди хориҷӣ дар тамос шудааст, бо иттиҳоми "хиёнат ба Ватан" барои ҳашт сол маҳкум ба зиндон шавад. Павел Чиков, ҳомии ҳуқуқи башар ва раиси созмони "Агора", ки ба фаъолони шаҳрвандӣ машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳад, мегӯяд, "тибқи қонуни нав ҳама гуна табодули ахбор бо созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳову намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ аз сӯи созмонҳои ғайриҳукуматӣ, хабарнигорон ва ҳатто тоҷирон метавонад боис ба ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ шавад."
Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳушдор медиҳанд, ки баъд аз пазируфта шудани тарҳ аз сӯи палатаи болоии парлумон ва имзои раисиҷумҳур Владимир Путин мақомоти Русия онро шояд алайҳи ҳама мунаққидони сиёсати ҳукумат истифода баранд.
Владимир Лукин, ваколатдори ҳуқуқи башари Русия, ташреҳи нави мафҳуми "хиёнат ба Ватан" муғойир бо Қонуни асосии Русия ва қонунҳои байналмилалӣ хонд. Ба гуфтаи Павел Чиков, қонун дасти Хадамоти федеролии амнияти Русия барои ба додгоҳ кашидани дигарандешҳоро низ боз мекунад. Лев Пономарев, ҳомии ҳуқуқи башари Русия, тарҳи қонунро талоши бозгашт ба айёми истибдоди сталинӣ мехонад. Ба гуфтаи ӯ, “қонун ваҳшатнок аст. Он моро ба давраи Шӯравӣ бармегардонад ва ҳама он сару садоҳо дар бораи он ки солҳои 30-юм бозмегарданд, ба воқеият табдил мешавад."
Аз ин пеш, Иттиҳодияи Аврупо аз тарҳи қонуни Русия дар бораи хиёнат ба Ватан изҳори нигаронӣ карда буд. Дар изҳороти нашркардаи дафтари Кэтрин Эштон, раиси сёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, гуфта шудааст, ки “густариши мафҳуми хиёнат ба Ватан дар қонуни мазкур имкон медиҳад, ки онро интихобан алайҳи ҳар кас истифода кунанд ва ҳар касеро, ки бо хориҷиён иртибот мегиранд, то ба 20 сол ба зиндон андозанд”. “Ин қонун фазову муҳитро барои ҷомеаи шаҳрвандӣ тангу маҳдуд мекунад ва дастгоҳи тарсдиҳандаи давлатиро қаввитар месозад”,-омадааст дар идомаи ин изҳорот.
Созмони дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч ҳам мегӯяд, қонуни нав алайҳи мунаққидон ва рақибони сиёсии ҳукумати феълии Русия равона шудааст. Дар изҳороти ин созмон гуфта шудааст, ки ин қонун - таҳдид ба ҳуқуқҳои аслии шаҳрвандон аст ва ташреҳи густурдаи мафҳуми “хиёнат ба ватан” метавонад аз сӯи мақомоти сӯиистифода шавад. Ҳюман Райтс Вотч аз Владимир Путин хост, аз имзои қонун худдорӣ кунад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамчунин аз Шӯрои Аврупо даъват кардаанд, ки то куҷо ба Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи башар мутобиқ будани ин санадро пажуҳиш намояд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!