Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ота", пешво... Ё Сангак Сафаров кӣ буд?


Сангак Сафаров бо ҳамроҳии фарзандонаш
Сангак Сафаров бо ҳамроҳии фарзандонаш

Cӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Давлатмоҳ Хоҷаева -- ҳамсари Сангак Сафаров, собиқ фармондеҳи Фронти Халқӣ.

Радиои Озодӣ: Лутфан аз замони шиносоиятон бо Сангак Сафаров қисса мекардед...

Давлатмоҳ Хоҷаева: "То замони издивоҷ мо ҳеҷ шиносоие надоштем. Он вақтҳо розигии падару модар муҳим буд. Падару модар, ки розӣ шуданд, мо ҳам розӣ шудем. Ҳамин тавр, соли 1978-ум бо ӯ тӯй кардем. Дар давоми зиндагиям бо ӯ ягон танқисии рӯзгор надоштам. Кор мекард ва зиндагиамон хуб буд. Понздаҳ сол дар маҳаллаи Чармгарони Кӯлоб дар хонаи хусуру хушдоманам бо ӯ зиндагӣ доштем. Баъдан, ба ин маҳаллаи Хирман, канори шаҳр кӯчида омадем. Инчунин, дар Қӯрғонтеппа ҳам зиндагӣ кардем."

Радиои Озодӣ: Паҳлӯҳои сиёсии зиндагии Сангак Сафаров то ҷое маълум аст, аммо ӯ дар зиндагии шахсӣ чӣ гуна инсон буд?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Марди воқеӣ ва беҳтарин падар буд. Ягон бор маро назадааст ва ҷангу хархашаи оилавӣ ҳам намекард. Чӣ дурӯғ гӯям, ки ягон бадӣ аз ӯ надидам."

Радиои Озодӣ: Оё медонед, ки кӣ ташвиқ кард, то ӯ ба даст силоҳ бигирад?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Касе ӯро ташвиқ накард. Ӯ ҳама корро аз сари номус кард. Вақте сессияҳо мерафтанд, дар он миён Акбарҷон Тӯраҷонзода чашмак заданд. Саҳар вақте ба кор рафт, ки ҳамаи мардум ҷамъ шуда ва гуфтанд, ки Бобои Сангак агар мо наравем, моро мекушанд. Биё, дар болои сари мо ист ва бо мо рав. Бо роҳбарии халқ ӯ рафт ва халқро солим аз майдонҳо дубора ба Кӯлоб равон кард. Баъд аз омадани мардум худашро панҷ рӯз дар қозиёт бо Рустами Абдураҳим манъ карданд. Он вақт дидбонгоҳҳои вазнин монда буданд, дар роҳи Қӯрғонтепаву Чормағзак. Шукри Худо, ки баъди панҷ рӯз солим ба Кӯлоб омад. Мақсади шавҳарам ҳеҷ гоҳ ҷанг набуд. Ҳар шаб мегуфт, ки Худо оромиро диҳад. Сабтҳояш ҳаст, ки ҳамеша мегуфт, биёед, сулҳ кунем. Барои сулҳ ӯ бархоста буд. Вазифа намехост ва ӯ ҳам ҷангро сар накарда буд."

Давлатмоҳ Хоҷаева
Давлатмоҳ Хоҷаева
Радиои Озодӣ: Аз кай ба сиёсат ворид шуд ва кай дар миёни сокинон бештар шинохта шуд?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Аз вақташ ӯро эҳтиром мекарданд, аммо аз интихоботи Набиев гӯиё ба сиёсат ворид шуд. Ӯро Набиев ба Ленинобод бурда ва гуфта буд, ки ба тарафдории ӯ овоз диҳанд. Дар интихобот шахси бовариноки Набиев дар Кӯлоб буд. Аммо пеш аз ин ҳам ӯро эҳтиром мекарданд. Бисёриҳо ба суду милиса намерафтанд ва меомаданд, ки Сангак корашонро буд кунад. Масалан, ҳамсоя меомад, ки писараш бе иҷозаи ӯ фалон кор мекунад ё каси дигар меомад, ки як кас мошинашро фиреб карда гирифтааст. Шоҳид будам, ки ӯ чунин одамонро шинонида насиҳат мекард ва аз роҳи бад бармегардонд."

Радиои Озодӣ: Ин корҳоро замоне анҷом медод, ки дар тарабхонаи "Лаззат" кор мекард?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Бале, он давра майнӯшӣ зиёд буд. Лекин Сангак мегуфт, ман касеро намегузорам, ки аз меъёр зиёд бинӯшад, зеро пас аз зиёд нӯшидан ягон ҳодиса рух медиҳад. Ягона ҷои орому бе ҷангу ҷанҷол ҷои кори ӯ буд. Ҳама мардум ҳурматаш мекарданд. Ҳабдаҳ соле, ки дар зиндон нишаста буд, тасодуфи тақдир буд. Ӯ қасдан ҷиноят накарда буд. Барои дуздиву ғоратгарӣ, ҳаққи мардумхӯрӣ нанишаста буд. Ба сари ӯ омаданд, ӯ худро ҳимоя мекунад, ки чунин ҳодиса рух медиҳад."

Радиои Озодӣ: Аз замони зиндонӣ буданаш чӣ қиссаҳо мекард?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Мегуфт, болои чорсад нафар калон буд ва ҳеҷ мушкил надошт. Аммо зиндон-зиндон аст ва он рӯзҳои гузаштаро дӯст намедошт..."

Радиои Озодӣ: Ба ёд оварда метавонед, ки шавҳаратон аввалин бор кай силоҳ ба даст гирифт?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Соли 1992-юм, баъде, ки дар Хоруғ гуфтушунид доштанд, силоҳ гирифтанд. Дар мавзее бо номи Сайёд барои ҷанг нашудан гуфтушунид карда буданд. Он ҳам як пистолет доштанд, барои ҳимояи худ. Ин хел автомату дигар чизҳо надоштанд. Хона бе силоҳ меомад. Баъде, ки таҳдидҳо шуданд, ба мо дар хонаамон ду посбони қонунӣ доданд. Силоҳ намеоварданд ба хона."

Радиои Озодӣ: Воқеан, пас аз сулҳи Хоруғ Сангак Сафаров эълон дошт, ки дигар ҷанг намекунад, аммо чӣ сабаб шуд, ки дубора боз ба ҷанг рафт?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Дар ҳақиқат чунин шуда буд. Дар Хоруғ сулҳу салоҳ карданд. Аммо инҳо шаб расиданд ва хабар доданд, ки дар Қӯрғонтеппа аз тарафи Туркманистон зада даромаданд, боз инҳо хеста рафтанд. Бо бачаҳо дар ду волга савор шуда рафтанд. Ҷониби дигарро даъват мекунанд, ки Шумо ваъдаи сулҳ додед, чаро ба саҳар нарасида ин хел кардед. Онҳо боз ҷанг карданд. Аммо Сангак то ҳади имкон бо силоҳ сару кор намегирифт, кӯшиш мекард, ки бо гап кор ҳал шавад"

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, бо низомиёни рус дар ҳар маврид машварат мекард...

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Ҳамин хел овоза буд, лекин мо бо чашмамон надидем. Танҳо аз Сангак шунидам, ки дар куҷое бо Ислом Каримов мешинанд. Гапҳояшон мегурезад, зеро Сафаров мегӯяд, ки мо Самарқанду Бухороямонро бояд бигирем. Каримов розӣ намешавад, аммо ӯ мегӯяд, ин замини мо ҳаст ва мо бояд ҳатман онро бигирем. Гапи Самарқанду Бухоро гирифтанро дар ҳама ҷо мегуфт. Аммо дигар робитаашонро бо узбакҳову русҳо надидаам."

Радиои Озодӣ: Он замон, яъне пас аз даргириҳо бо кадом рӯҳия ба хона меомад ва чӣ сӯҳбатҳо мекард?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Хеле нороҳат буданд. Бо ин ҳама кӯшиш мекард, ки халқ ором бошад. Вақте роҳи Кӯлоб маҳкам шуд, маводи ғизоӣ ба Кӯлоб намеомад. Сангак Сафаров 6 моҳ ба хона наомад, ки то роҳ боз нашаваду хӯрока ба Кӯлоб наояд, чӣ хел ба хона меоям? Мегуфт, ки агар ман оям, чӣ хел ба рӯйи сокинони Кӯлоб нигоҳ мекунам. Онҳо гуруснаанду мо ҳамин хел нишинем? Ҳатто додараш, Таваралӣ Сафаровро куштанд, дар мурдаи ӯ наомад. Баъд, дар чилумаш роҳ кушода шуд ва ӯ омада иштирок кард. Ин ҳама вақт кӯшиш мекард, ки тинҷӣ шавад ва ба мардум роҳро мекушод, ки хӯрока равон кунад. Ҷангро дигарон сар карданд ва Сангакро ба он кашонданд. Вақте дар Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекардем, дар рӯ ба рӯямон як зани ғармӣ зиндагӣ мекард, ки 8 бачааш ба Афғонистон гурехтааст. Дар хонаашон ҳеҷ чиз надоштанд. То фаршҳои хонаашонро вайрон карда, кофта буданд. Аҳволашонро дида, ҳар чи ки аз дастамон омад, кӯмакашон кардем.Вақте Сангак мурд, аз кӯлобиҳои мо дида, ғармиҳо бисёр гиристанд, ки аввал Худованд ва баъдан бо ваъдаи ҳамин мӯйсафед баргаштем. Ҳамеша дар фикри баргардонидани гурезаҳо буд."

Радиои Озодӣ: Ба андешаи Шумо, пас, чаро онҳо мегурехтанд?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Як давре буд, ки ҳар кас аз номи ҳар кас гап мезад. Ҳоло ҳам ҳамин хел ҳаст. Дар ҳамон давра бисёриҳоро дузду ғоратгарон барои чизу чораашон куштанд. Аз номи ӯ дар ин корҳо истифода мекарданд. Баъд аз он ки ӯ чандин нафаронро ҷазо дод, дигар дуздиву ғоратгарӣ кам шуд. Ӯ то ҳадди имкон кӯшиш мекард, ки ба касе осеб нарасонад."

Радиои Озодӣ: Аммо бисёриҳо мегӯянд, Сангак Ҷиёнхон Ризоевро куштааст…

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Сангак ҳар кореро, ки мекард, қоил мешуд. Бале, гуфт, ки ӯ ба Ҷиёнхон Ризоев як тир задааст. Ӯ як рӯз аз радио мешунавад, ки Рустами Абдураҳим се бор диққат-диққат мегӯяд ва бо ҳамин сӯҳбаташ хотима мешавад. Сангак фаҳмид, ки чи ҳодисае рух додааст ва инҳо нопурсида, рафтаанд. Рустами Абдураҳимро куштанд. Ба ӯ гуфтанд, ки Рустами Абдураҳим бо машварати Ҷиёнхон ба Душанбе рафтааст, яъне аз Сангак нопурсида. Дигарашро намедонам, аммо Сангак гуфт, ӯ як тир ба Ҷиёнхон задааст. Охир, бо маслиҳати Ҷиёнхон дар Душанбе бо Рустами Абдураҳим қариб ҳазор нафар бачаи тоҷикро куштанд. Аз ин кори бемаслиҳат Сангак сахт асабонӣ шуда буд. Дар ҳақиқат гуфт, ки барои ин кору чанд хатои дигараш ба ӯ фақат як тир задааст."

Қадриддин Аслонов
Қадриддин Аслонов
Радиои Озодӣ: Дар мавриди Қадриддин Аслонов чӣ мегуфтанд?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Куштани Қадриддин Аслоновро касе намедонад. Чанд бор шахсан ман пурсидам, ки Аслоновро оварданд, куҷо карданд, мегуфт, ки дар дасти Файзалӣ ҳаст. Бо одамони Сангак набуд, дар ҳамон савхози Файзалӣ буд. Ӯ ба Аслонов коре нагирифта буд ва куштани ӯро ҳам намехост. Дар нисбат ба ӯ шахсан Сафаров коре накардааст. Ба фикрам пинҳонӣ аз ӯ куштанд, ки дар ин гирудорҳо касе суроғаш накард."

Радиои Озодӣ: Оё боре гиряи шавҳаратонро дидаед?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Бале, аввалин бор гиряи ӯро ман аз телевизион дидам. Вақте ки кӯдакон зиёд дар бозор "сағера" монда буданд, Бобои Сангак онҳоро дида гиря мекунад. Мавлуда, духтари ман 5-сола буд. Шаш моҳ пас омад, ҳамин духтарчаам бо ӯ гап назад. Шаб аз рӯяш курпачаро гирифта бедораш кард, аммо Мавлуда рӯяшро мепечонд. Мегуфт, ки пеши ҳамон бачаҳоят рав, духтари ту намешавам. Ҳо, дидам-ку дар бозор барояшон ҳар чиз харидиву гиристӣ-ку. Гуфт, ки не, духтарҷон онҳо падару модар надоранд. Шуморо очаатон нигоҳ мекунад. Ман ҳам, ки ҳама тинҷ шуд, назди Шумо меоям. Он шаб ҳам ба ин гуфтаҳо дар чашмаш ашк пайдо шуд."

Радиои Озодӣ: Охирон бор кай шавҳаратонро дидед ва дар бораи кушта шудани ӯ чӣ андеша доред?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Охирон бор дар Наврӯзӣ дар ҳамин Кӯлоб дидамаш ва ҳамон шаб чунин ҳодиса рух дод. Ӯро Файзалӣ накушт ва ӯ ҳам Файзалиро накушта буд. Бо як "медсестра" (ҳамшираи шафқат)-и Файзалӣ, ки дар шаби марг ҳамроҳаш будааст, ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ гуфт, то ҷонаш баромадан Файзалӣ мегуфт, ки маро раҳо кунед ва "отама", яъне Сафаровро наҷот диҳед. Ӯ мегуфт, кӯшиш кунед, ки "отам" намурад, зинда монад. Гуфтааст, ман тамом, лекин ӯро наҷот диҳед. На ӯ Файзалиро куштааст ва на Файзалӣ ӯро. Ин кори дасти дигарҳо буд."

Радиои Озодӣ: Сӯҳбатҳое ҳаст, ки ӯ аз рафторҳои Файзалӣ нигарон будааст...

Файзалӣ Саидов
Файзалӣ Саидов
Давлатмоҳ Хоҷаева: "Бале, ба Сангак хабар оварда буданд, ки як гурӯҳ чизу чора ҷамъ мекунад ва мегӯяд, ки ба Сангак мебарем. Ӯ гуфт, онҳоро ҳатман боздошт карда назди ман оред. Аммо Файзалӣ ин корро иҷро намекунад ва маълум мешавад, ки одамҳои ӯ будаанд. Аз ин кораш Сангак хафа шуд, аммо муносибаташон то ин ҳад вайрон нагардида буд. Инчунин, Файзалӣ бачаҳои Кӯлобро ғам медод, ки ба Сангак сахт мерасид. Гуфта будаш, ки садқаи одамгариат кунад, ки падаратро куштанд ва гириста омадӣ, ки наҷотам диҳед ва ҳоло ҳамин хел мекунӣ. Мо барои Шумо омадем ва Шумо боз нисбати кӯлобиҳо ҳамин хел мекунед. Наход, барои ғамхориҳо ҳамин хел ҷавоб диҳед. Лекин ӯ накушта буд. Дар аввал одами хуб буд, лек баъдан бад шуд, шояд бо одамони нохуб ҳамроҳ шуд."

Радиои Озодӣ: Пас аз марги шавҳаратон чӣ рӯзу рӯзгоре доштеду доред?

Давлатмоҳ Хоҷаева: "Дар аввал кӯмак мекарданд. Дар ҳақиқат, Убайдуллоев кӯмакҳое карда буд. Шукри Худо, ки тамоми мардуми Кӯлоб чун мефаҳманд, ки оилаи Сангак Сафаров ҳастам, эҳтиром мекунанд. Ман аз мардум бисёр розӣ ҳастам, ки ба қадри хидматҳои шавҳарам мерасанд. Аммо дар ҳар куҷое, ки нишинем, мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи Шумо кори хуб накард. Бояд фарзандатонро ин қадар ҷазо намедод, ба хотири хизматҳои падараш. Гуноҳи ӯ исбот нашудааст ва наход якумрӣ ҳабсаш кунед. Ин ҷавоби хизматҳои шавҳарам аст? Сад бор рафтем, аммо дигар кӯмак накард. Фарзанди ман ҳоло дар даруни зиндон ҳаст (мегиряд). Аз ноябри соли гузашта фарзандамро надидаам. Мегӯяд, наход ба давлате, ки падари ман бунёд кардааст, хиёнат карда бошам. Фарзандам Саидҷон Сафаров ҳоло ҳам барои ҳамин ватан хизмат мекунад. Рутбаи майор дорад. Аз зиндагии якҷоя бо Сангак 8 фарзанд дорам. Аммо ғамҳои ин бача маро мекушад. Дидам, ки се нохуни дасташро кандаанд ва дасташро дар барқ гирифта кабуд кардаанд. Ӯ худаш баҳона мекофт, аммо маълум буд, ки хеле азобаш додаанд. Ягона умедам, озодии фарзандам ҳаст, дигар чизе намехоҳам."
XS
SM
MD
LG