Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро фаъолияти созмони "Ампаро" қатъ шуд?


Мурофиаи додгоҳии созмони "Ампаро" дар Хуҷанд
Мурофиаи додгоҳии созмони "Ампаро" дар Хуҷанд

Қарори додгоҳи Хуҷанд дар мавриди бастани созмони "Ампаро" миёни ҷомеаи Тоҷикистон баҳсу суолҳои наверо барангехтаст.

Қатъи фаъолияти созмони “Ампаро”, ки бо қарори додгоҳи Хуҷанд рӯзи 24-уми октябр сурат гирифт, эътирози маҳофили сиёсиву ҷамъиятии Тоҷикистон ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро ба бор овардааст.

"Бояд барҳам дода шавад"

Сафар Қурбонов
, муовини раиси додгоҳи Хуҷанд ва ҳамзамон масъули баррасии парвандаи созмони "Ампаро", зимни эъломи ҳалнома дар 3 ҷумла гуфт, ки бар асоси даъвои Раёсати адлияи вилояти Суғд созмони ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” бояд барҳам дода шавад. Додгоҳ дар ҳоле ба бастани “Ампаро” қарор кард, ки ин созмон талош дошт, мақоми ҷумҳуриявӣ бигирад ва фаъолияти худро дар саросари Тоҷикистон густариш диҳад. Инчунин, масъулони созмон бо нашри баёнияе охирҳои моҳи август аз фишори афзояндаи мақомоти адлия болои худ эълон дошта буданд.

Ҳуқуқшинос Ҷунайд Ибодов, намояндаи созмони “Ампаро” дар додгоҳ, ин ҳукмро “иштибоҳи ҷиддӣ” номид ва гуфт, бо дастрас кардани ҳалнома ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят хоҳанд бурд. Ба гуфтаи ӯ, додгоҳ далелҳоеро, ки созмони “Ампаро” алайҳи даъвои Раёсати адлияи пешниҳод карда буд, ба эътибор нагирифтааст.

"Мубориза мекунем"

Дилрабо Самадова, роҳбари созмони "Ампаро"
Дилрабо Самадова, роҳбари созмони "Ампаро"
Дилрабо Самадова, раҳбари созмони “Ампаро”, қарори додгоҳро ғайримунсифона хонд ва гуфт, бо роҳҳои қонунӣ барои бекор кардани он мубориза хоҳанд бурд.

Раёсати адлияи вилояти Суғд алайҳи иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” рӯзи 29-уми июни соли ҷорӣ ба додгоҳ шикоят бурда буд. Мурофиаи парвандаи шаҳрвандии “Ампаро” дар додгоҳ ҳамагӣ ду рӯз -- 23 ва 24-уми октябр идома кард. Дар мавриди сабабҳои басташавии “Ампаро” намояндагони он мегӯянд, фаъолияташон дар доираи қонун сурат гирифта, ба ҳеҷ гуна қонуншиканӣ роҳ надодаанд. Аммо фаъолияти онҳо ба мақомот хуш наомад, ки болои онҳо фишор оварда, оқибат ба бастани созмон муваффақ шуданд.

Бидуни ғараз

Намояндагони мақомоти адлия дар толори додгоҳ баён доштанд, ки онҳо ҳеҷ гуна ғаразе ба “Ампаро” надоранд ва иқдоми онҳо танҳо ба хотири таъмини қонунмандӣ дар Тоҷикистон аст. Қурбоналӣ Бобоев, сармутахассиси Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки яке аз ду намояндаи ҷониби даъвогар дар додгоҳ буд, гуфт, созмони Ампаро дар фаъолияти худ дар 5 маврид Қонуни Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва бандҳои оинномаи худро нақз кардааст. Вай тағйири суроғаи ҳуқуқии худ бидуни огоҳии мақомоти адлия, фаъолият дар хориҷ аз минтақаи ҳуқуқии фаъолияти хеш, яъне дар Душанбеву вилояти Хатлон, мулоқоту сӯҳбатҳо бо мактабхонҳо бидуни иҷозанома, таъсиси сафҳаи интернетӣ ва нашри мақолаҳо дар бораи фаъолияти Ампаро”-ро аз ҷумлаи далелҳои бастани ин созмон арзёбӣ намуд.

Ҷунайд Ибодов (чап) ба суоли хабарнигорон посух медиҳад
Ҷунайд Ибодов (чап) ба суоли хабарнигорон посух медиҳад
Аммо масъулони иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” иддао доранд, тибқи қонун дар асоси шартнома барои озодона ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар созмонҳо аз гӯшаву канори Тоҷикистон ҳақ доранд ва созмон ба он хотир дар Душанбе манзилеро барои дафтари худ ба иҷора гирифт, ки мехост, мақоми ҷумҳуриявӣ бигирад ва фаъолияти худро дар пойтахт низ ба роҳ монад. Ҳамчунин қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ва “дар бораи литсензиядиҳӣ” барои баргузор кардани суҳбату мулоқот бо мактабхонҳо, гирифтани иҷозатномаро пешбинӣ намекунад. Ба ғайр аз ин, қонунҳои Тоҷикистон гузарондани дарсҳои яквақта бо мактабхонҳо барои шинос намудан бо уҳдадориву ҳуқуқи даъватшавандагони хидмати ҳарбӣ ва тарғиби барномаҳову фаъолияташ дар шабакаи ҷаҳониро барои созмонҳои ҷамъиятӣ манъ накардааст .

Фармоиши мақомот?

Ҳуқуқшиноси тоҷик Ҷунайд Ибодов, намояндаи созмони “Ампаро” дар толори додгоҳ баён дошт, ки бастани ин созмон бо “фармоиши мақомот” сурат мегирад ва додгоҳ ба ҳалномаи додгоҳ бар нафъи раёсати адлия як “иштибоҳи ҷиддӣ” аст: “Асоси фармоиш ба ақидаи ман, ба фаъолияти пурҷӯшу хурӯши созмони “Ампаро”вобаста аст. Махсусан, ба фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ. Ин ба бархе мақомот хуш наомадааст ва ба назари онҳо ба душвории даъвату саркашии ҷавонон аз хидмат натиҷаи фаъолияти ин созмон ҳам ҳаст. Аз ин рӯ мехоҳанд фаъолияти онро қатъ кунанд.”

Абдуқаюм Юсуфӣ
Абдуқаюм Юсуфӣ
Абдуқаюм Юсуфӣ, ҳуқуқдони тоҷик, бо ишора ба яке аз далелҳои бастани Ампаро, яъне тағйири суроғаи ҳуқуқӣ мегӯяд, "албатта, аз нигоҳи қонун гӯем, ташкилоти ҷамъиятӣ аз иваз намудани суроғааш бояд ба мақомоти адлия дар вақти муайяншуда хабар диҳад. Ин талаботи қонун аст." Аммо афзуд ин ҳуқуқдони тоҷик, "мо садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ташкилоти ҷамъиятиро медонем, ки суроғаи ҳуқуқияшон аз суроғаи воқеияшон фарқ мекунад ва оид ба чунин ивазкуниҳо ба мақомот маълумот пешниҳод нашудааст. Ба ҳар ҳол, фикр мекунам, ин қазия фармоишист, то ин ки ҳуқуқӣ."

"Фаъолияти зидди ватандустӣ"

Носирҷон Тошматов, муовини комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, бар он аст, ки фаъолияти созмони “Ампаро” “яктарафа” буд. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Онҳо бо баҳонаи фаҳмондани ҳуқуқи даъватшавандагону шаҳрвандон зидди ҳиссиёти ватандӯстиву ватанпарварӣ кор мекарданд. Дар сарқонуни Тоҷикистон на танҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандон, балки уҳдадориҳои шаҳрвандон ҳам сабт шудааст. Онҳо насанҷидаву нафаҳмида, соли 2010 назарсанҷӣ гузаронида, эълон карданд, ки 40 фоизи ҷавононро ба тариқи “облава” ба сафҳои артиши миллӣ ҷалб мекунем. Ин тамоман дуруст нест. Мо ба онҳо дар баргузории чорабиниҳо дасти ёрӣ дароз мекардем, аммо онҳо ҳатто ба мо ё додситонии ҳарбӣ муроҷиат накарда, назарпурсӣ гузарониданд ва вақте ман бо намояндагони “Ампаро” суҳбат кардам, натиҷаҳои назарпурсиашон тасдиқи худро наёфт.”

Дар толори додгоҳи Хуҷанд
Дар толори додгоҳи Хуҷанд
Дар ҳамин ҳол аз шӯъбаи идеологии ҳукумати Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки созмони “Ампаро” зимни фаъолият бо онҳо ҳеҷ мушкил надошт ва ҳамкории онҳо умдатан ба хотири дарёфти иҷоза барои баргузории чорабиниҳо дар ин ё он ҷо сурат мегирифт. Дар Хуҷанд аз моҳи декабри соли 2010 шӯрои машваратии созмонҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунад. Ба гуфтаи Шуҷоат Ҳасанова, раҳбари ин шӯро, дар он намояндагони 40 созмони ҷамъиятӣ, аз ҷумла “Ампаро” ба ҳам омадаанд ва дар ҳалли масоили доғи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ мекунанд. Хонум Ҳасанова аз баста шудани як узви ин шӯрои ҷамъиятӣ созмони “Ампаро”изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ин маънои онро надорад, ки фаъолияти ин созмон, ки чун аксари кулли иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо маблағи созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирад, ба мақомот хуш наомадааст.

Суоли вакили дифоъ

Дар ҳамин ҳол Ҷунайд Ибодов, намояндаи “Ампаро” суол мегузорад, ки агар мақомот ғаразе надоштанд, чаро бастани созмон бе огоҳинома ё ироаи мӯҳлат барои камбудиҳо амалӣ гардид? Вай таъкид мекунад, ки аслан санҷиши мақомоти адлия бе риояти қонунгузорӣ, аз ҷумла бо огоҳиномаи қаблӣ ва надодани муҳлати қонунӣ барои ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда анҷом гирифта, даъвоҳои матраҳшуда барои қатъи фаъолияти ин созмон асос намедиҳанд. Масъулини "Ампаро" мӯътақиданд, агар мақомот ғарази бастани созмони онҳоро дар сар намедоштанд, барои ислоҳи камбудиҳо ба онҳо ҳадди ақал як моҳ мӯҳлат медоданд.

Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” соли 2005 таъсис ёфта, барномаҳои ин созмон бо маблағгузории Бунёди ҷомеаи бози Тоҷикистон, Комиссияи аврупоӣ, Бунёди миллии дастгирии демократия (NED), сафоратҳои ИМА ва Нидерландия дар Тоҷикистон амалӣ мешудаанд. Дилрабо Самадова мегӯяд, дар созмони “Ампаро” ҳудуди 30 ҳуқуқшиноси ҷавон, донишҷӯён ва хабарнигорон ба таври доимиву ихтиёрӣ фаъолият дошта, солона наздик ба 500 нафар барои дарёфти ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо муроҷиат мекард.


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG