Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ фаъолияти созмони "Ампаро"-ро қатъ кард


Рӯзи 24-уми октябр додгоҳи шаҳри Хуҷанд фаъолияти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон -- "Ампаро"-ро қатъ намуд.

Сафар Қурбонов, муовини раиси додгоҳи Хуҷанд ва ҳамзамон масъули парванда зимни эъломи ҳалнома гуфт, бар асоси даъвои Раёсати адлияи вилояти Суғд додгоҳ ба барҳам додани иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” қарор кард.

Ҷониби даъвогар --Раёсати адлияи Суғд мегӯяд, созмони "Ампаро" дар панҷ маврид қонунҳои кишварро дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бандҳои Оинномаи фаъолияташро нақз кардааст. Ба қавли ҷониби даъвогар, аз ҷумла созмони "Ампаро" суроғаи ҳуқуқии худро тағйир дода, мақомоти Вазорати адлияро огоҳ нанамудааст.

Илова бар ин, ба гуфтаи ҷониби даъвогар, ин созмон аз минтақаи фаъолияти худ берун рафта, бо мактабхонҳо бидуни иҷозатнома мулоқот доир кардаанд. Саҳифаи интернетӣ фаъол карда, дар бораи фаъолияти "Ампаро" мақолаҳо нашр намудаанд.

Вале намояндаи созмони “Ампаро” Ҷунайд Ибодов ин тасмими додгоҳро “иштибоҳи ҷиддӣ” номид ва гуфт, ки бо дастрас кардани ҳалнома, ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят хоҳанд бурд. Зеро ба гуфтаи вай, додгоҳ далелҳоеро, ки созмони “Ампаро” алайҳи даъвои Раёсати адлияи пешниҳод карда буд, ба назари эътибор нагирифт.

Дилрабо Самадова, раҳбари созмони “Ампаро” қарори додгоҳро номунсифона хонд ва афзуд, бо роҳҳои қонунӣ барои бекор кардани он мубориза хоҳанд кард.

Аммо намояндагони Раёсати адлияи Суғд ба далели то ҳанӯз ҳукми қонунӣ нагирифтани ҳалнома, аз изҳори назар худдорӣ карданд.

Аз ин қабл Ҷунайд Ибодов, намояндаи созмони "Ампаро" гуфта буд, ки далелҳои ҷониби даъвогар ҷиддӣ нестанд ва қонун ба бастани фаъолияти созмони "Ампаро" иҷоза намедиҳад. Ба гуфтаи ҷаноби Ибодов, ҳадафи ҷониби даъвогар на кӯмак ё ислоҳи камбудӣ, балки мутаваққиф кардани фаъолияти созмони "Ампаро" мебошад. Вагарна ҷониби даъвогар метавонист барои ислоҳи камбудиҳои як моҳ мӯҳлат диҳад.

Созмони ҳуқуқшиносони ҷавон, мавсум ба "Ампаро", солҳои охир дар масъалаи дифоъ аз ҳуқуқи даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ фаъол аст. Ин созмон ҳатто чандин бор назарпурсӣ ва таҳқиқотро дар бораи "облава" ва ё иҷборан ба сафи артиш бурдани ҷавонон анҷом дода буд. "Ампаро" ҳамчунин аз ҷумлаи он созмонҳоест, ки хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод дорад.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!



.

XS
SM
MD
LG