Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насиҳати Раҳмон, суолу даъватҳои Зоиров ва Кабирӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар арафаи Иди Қурбон раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбарони ҲУСДТ-ву ҲНИТ сокинонро табрик гуфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 25-уми октябр дар як паёми телевизионӣ мардуми кишварро ба Иди Қурбон табрик гуфта, аз онҳо хост, дар рӯзҳои сахт ба якдигар дасти кӯмаку ёрмандӣ дароз намоянд.

Ӯ дар ин паёми табрикотии худ ҷавононро ба илмомӯзӣ ва волидонро барои эҳсоси масъулиятҳои бештар дар таълиму тарбияи фарзандон даъват намуд. Раисиҷумҳур илова кард, ки бояд ҷавонон ҳарчӣ бештар ба илмомӯзӣ шуғл варзида, аз фанновариҳои нав низ огоҳии комил ёбанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми худ аз Ислому равияҳо ва созмонҳои гуногуни исломӣ ҳам ёдовар шуда, мазҳаби ҳанафиро, ки аксари кулли сокинони мусалмони Тоҷикистон пайрави онанд, аз ҷумлаи мазоҳиби мӯътадил ва муҳим хонд. Ӯ гуфт, баъзе аз равияҳову созмонҳо аз номи муқаддаси Ислом ба нафъи худ сӯистифода мекунанд, ки ҷавонон набояд дар ин маврид зиракиву ҳушёриро аз даст диҳанд.

Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров
Дар ҳамин ҳол, раҳбарони Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ ва Наҳзати исломии Тоҷикистон низ бо пахши паёме мардуми кишварро ба Иди Қурбон табрик намудаанд. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲУСДТ, рӯзи 25-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, табрикоти худро шоми гузашта омода ва пахш намудааст. Дар ҷумлаҳои аввали ин табрикнома таъкид шудааст, ки "сокинони кишвар инсонанд ва халқи Тоҷикистон - сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор меоянд, на харгӯш ё гӯсфанди зертаҷрибаи идораи давлатӣ."

Дар идомаи он гуфта шудааст, ки "Мо бо Шумо дар якҷоягӣ як Ватан – Тоҷикистон – ва як ном – тоҷикистонӣ – дорем!" Зоиров дар муроҷиатномаи худ ин суолро гузоштааст, ки "барои чӣ зиндагонии солим дар Тоҷикистон сол ба сол вазнин мегардаду адолати иҷтимоӣ, ҳокимияти мардум, авлавияти қонун, эҳтиром ва ҳимояи шахсият аз байн рафт?" Раиси ҲУСДТ дар ин муроҷиатнома чанд масъалаи муҳими ҷомеаи кишварро низ баршумурда, ҳалли мусбати онҳоро дар пешрафти ҷомеа муҳим донистааст. Аз ҷумла, ӯ мегӯяд, дар кишвар кадрҳои лаёқатманд ҳастанд, аммо сиёсати муассир ва касбии кадрӣ нест; коррупсия (фасод) давлату ҷомеаро фаро гирифтааст, аммо муборизаи воқеӣ бо коррупсия вуҷуд надорад.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ҳам дар паёме мардумро табрик ва баъдан гуфтааст, "агар талош набошад, касе ба аҳдофи худ намерасад, ҳуқуқи худро ба даст намегирад ва муқаддасоти худро ҳифз намекунад." Вай дар идомаи паёми худ аз сокинон даъват кардааст, ки "Биёед, ба оламиён нишон диҳем, ки мо мусалмонем. "Ӯ шуморо пештар мусалмон номидааст." Биёед, ба ҳамагон бифаҳмонем, ки мо бо ҳам бародарем. "Ҳамоно мусалмонон бародари ҳамдигаранд."

Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 26-уми октябр, таҷлил мешавад. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз имомхатибони масоҷиди ҷомеи кишвар хостааст, ки намози Иди Қурбон ё Азҳоро дар соати ҳашти субҳ бихонанд. Дар масъалаи он ки ҳам Иди Қурбон ва ҳам намози ҷумъа дар як рӯз иттифоқ уфтодааст, Шӯрои уламо гуфта, ки намози Ид ва намози ҷумъа ҳар кадоме дар вақти худ гузошта хоҳанд шуд.

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонҳост, ки дар Тоҷикистон пас аз солҳои навадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ таҷлил мешавад ва дар ин рӯз тамоми коргоҳҳо дари худро баста, рӯзи таътил аст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG