Ду зоири пиёдаи тоҷик, ки баҳори имсол ҳамроҳ бо шаш ҳамсафари дигар ба нияти зиёрати Хонаи Худо ба роҳ баромада буданд, рӯзи ҷумъаи 19-уми октябр ба шаҳри Мадинаи Мунаввара расидаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи дини Тоҷикистон иттилоъ дода мегӯяд, зоирони пиёдаи тоҷикро намонядагони расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла телевизиони Мадина, истиқбол гирифтаанд.
Ин ду зоири пиёда ду ҳафта пеш дар марзи Аморати Муттаҳидаи Арабӣ бо Арабистони Саудӣ барои камбуд ва иштибоҳ дар ҳуҷҷатҳо ва надоштани роҳхат барои анҷоми фароизи ҳаҷ боздошт шуда буданд. Баъдан бо кӯмаки намояндагии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ онҳо мушкилашонро ҳал ва рӯзи 12-уми октябр ба роҳи худ идома бахшиданд.
Ҳанӯз дар охири моҳи майи соли ҷорӣ 8 тан аз сокинони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба қасди зиёрати Хонаи Худо пиёда озими сафари ҳаҷ шуданд. Ду нафари онҳо бинобар беморӣ ва пеш омадани кори муҳим қатъи сафар карданд, аммо 4 нафари дигар аз пиёда рафтан худдорӣ намуда, аз Эрон тариқи ҳавопаймо ба Арабистони Саудӣ рафтанд.
Танҳо Абдулазиз Раҷабов ва як ҳамроҳи ӯ ба қасди худ содиқ монда, билохира бо убури марзҳо ба зиёрати Хонаи Каъба расиданд.
Дар навор: Зоирон барои адои маросими ҳаҷ омодагӣ мебинанд
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!