Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоирони пиёдаи тоҷик дар марзи Ироқ дармондаанд


Зоирони пиёдаи тоҷик дар Кӯлоб. Моҳи майи соли 2012
Зоирони пиёдаи тоҷик дар Кӯлоб. Моҳи майи соли 2012

3оирони пиёдаи тоҷик аз ҳамроҳони худ ҷудо шуда, дар марзи Эрону Ироқ дармондаанд. Дар ин бора яке аз онҳо хабар дод.

Назари Ибод, яке аз зоирони пиёдаи тоҷик, ба Радиои Озодӣ тамос гирифта, гуфт, бо вуҷуди талошҳову дарёфти виза ё раводиди Ироқ натавонистаанд марзи ин кишварро убур ва роҳи худро ба сӯи Макка наздиктар кунанд. Ӯ афзуд, чанде пештар роҳбалади онҳо яке аз ҳамроҳонашонро бо худ гирифта ба сӯи Дубай роҳсипор шудааст, аммо ба инҳо маслиҳат додааст, ки ба Тоҷикистон баргарданд.

Бино ба қавли Назари Ибод, ӯ ва ду ҳамроҳи дигараш -- Амриддин Исмоилов ва Мираҳмад Ёфтакович баъд аз он ки натавонистанд марзи Ироқро гузаранд, ҳоло дар Эрон ҳастанд. "Мо дар ҳоли ҳозир нияти бозгашт ба Тоҷикистонро надорем. Мо бо мақсади зиёрати Хонаи Худо аз Тоҷикистон пои пиёда берун омадем ва бояд ба ин мақсади худ расем",-гуфт ӯ.

Ҳамон тавре ҷаноби Назар афзуд, онҳо пас аз он ки виза ё раводиди сафар ба Ироқро дарёфт намуданд, тӯли 21 рӯз пиёда ба марзи ин кишвар расиданд. Пас аз талошҳои зиёд, ки ноком анҷом шудааст, ӯ маҷбур шудааст, билети ҳавопайморо харидорӣ ва аз ин тариқ ба Бағдод равад. Аммо ин талошаш низ бенатиҷа будааст.

“Ҳоло кӯшиш дорем, ки ба Курдистони Эрон ва аз он ҷо ба Курдистони Ироқ гузарем. Вақте марзи Ироқро гузаштем, ба пулис мегӯем, ки мо ҳеҷ гуноҳе надорем ва ҳадафи мо танҳо зиёрати Хонаи Худост. Агар иҷоза доданд, ҳатман ба пеш меравем, вагарна намедонам, бо мо чӣ хоҳад шуд”,-мегӯяд Назари Ибод.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳамин тавр гурӯҳи зоирони тоҷик, ки пои пиёда ба сӯи Макка роҳ пеш гирифта буданд, марзҳои Афғонистону Эронро гузашта, вале дар ними роҳ аз ҳам ҷудо ва ба мушкил печидаанд. Ба қавли ӯ, ҳоло ду тан аз ҳамроҳони онҳо ба Тоҷикистон бозгаштаанд.

Ёддовар мешавем, ҳашт зоири тоҷик моҳи майи соли ҷорӣ аз ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб барои тавоф кардани Хонаи Худо пои пиёда ба сафари Арабистони Саудӣ баромаданд. Онҳо то Арабистони Саудӣ расидан бояд аз хоки Афғонистон, Покистону Эрон ва кишварҳои дигар бояд мегузаштанд. Мувофиқи нақша то моҳи октябр бояд онҳо ба Саудӣ бирасанд.
XS
SM
MD
LG