Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНЕСКО гуфт, аксари ҷавонон маълумоту касб надоранд


Пажуҳишгарон мегӯянд, ки ҳар ҳаштумин ҷавон дар ҷаҳон бинобар надоштани маълумот ва малакаю касб бекор аст.

Бино ба гузориши нави ЮНЕСКО -- бахши илм ва маорифи Созмони Милал дар минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи Миёна ҳудуди чор миллион ҷавони аз 15 то 25-сола маълумоти ибтидоӣ ва касб надоранд. Ин пажӯҳиши даҳуми ЮНЕСКО пас аз мониторинги сатҳи маълумотнокӣ дар кишварҳои ҷаҳон таҳти унвони "Дониш бояд ба кор ояд" таҳия шудааст.

Пажуҳишгарон ба натиҷае расидаанд, ки ҳар 8-умин ҷавон дар ҷаҳон бинобар надоштани маълумот ва малакаю касб, бекор аст ва дар кишварҳои Осиёи Миёна, ки нисфи аҳолиро ҷавонони то 25-сола ташкил мекунанд, мушкили бекорӣ миёни ҷавонон доғ боқӣ мемонад. Дар ин гузориш омадааст, ҷавонони деҳоти кишварҳои Осиёи Миёна, махсусан Тоҷикистон, аксаран дар мактаб то ба охир таҳсил намекунанд.

Гуфта мешавад, ҳоло дар Тоҷикистон сатҳи саводнокии чоряки дуҳтарони деҳот аз сатҳи дониши синфҳои ибтидоӣ низ пасттар аст. Дар ҳамин ҳол, пажуҳишгарон муайян кардаанд ҷавононе, ки маълумоти миёна ва ё олӣ мегиранд, соҳиби касби муайян намешаванд ва донишҳои андӯхтаашонро наметавонанд истифода карда сатҳи зиндагиашонро беҳ намоянд.

Ёқуби Саид, коршиноси масоили иҷтимоӣ, мегӯяд, доштани маълумоти олӣ дар Тоҷикистон кафили зиндагии шоиста ва дарёфти ҷои кори муносиб буда наметавонад. Бинобар ин, ба қавли ӯ, аксарияти ҷавонони соҳиби маълумот роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд. "Вале он малакаю касбҳое, ки дар бозори кори Русия зарур аст, онҳо надоранд",-афзуд ӯ.

Ёқуби Саид илова кард, "бинобар ин, бархе аз ҷавонон маҷбур мешаванд, баъди панҷ соли таҳсил дар донишгоҳ ҳунар омӯзанд. Онҳо ба марказҳои ҳунаромӯзӣ назири кафшергарӣ, сантехникӣ ва дуредгарӣ рафта, дубора таҳсил мекунанд."

Аммо касбу ҳунарҳое, мисли кафшергарӣ, дуредгарӣ ва сантехникӣ дар Тоҷикистон миёни ҷавонон нуфуз надоранд ва аксарият аз ин касбҳо ҳазар мекунанд. Дар ҳоле ки мувофиқи таҳлилҳо бозори меҳнати дохили кишвар ва кишварҳои муҳоҷирпазир ба чунин мутахассисон ниёз дорад. Шарифхон Самиев, раҳбари пешини ширкати "Барқи тоҷик", зимни як суханрониаш гуфта буд, ин ширкат ба электрик ва монтёрҳо эҳтиёҷ дорад ва ӯ ҷавонеро намеёбад, ки симчӯбҳоро таъмир кунад.

Ин дар ҳолест, ки бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бархе аз марказҳои ҳунаромӯзӣ барқарор ва муҷаҳҳаз гаштаанд. Яке аз чунин марказҳои ҳунаромӯзӣ, Маркази таълими калонсолони шаҳри Душанбе будааст. Дар ин марказ сантехникӣ, харротӣ, кафшергарии барқию газӣ, машшотагӣ, фурӯшандагӣ ва муҳосибиро меомӯзонанд.

Аммо Маҳмадалӣ Ҷабборов мудири саридораи Маркази таълими калонсолони ҷумҳурӣ мегӯяд, ҷавонон ба омӯзиши чунин касбҳо майли зиёд надоранд. Ҳарчанд таҳсил дар ин марказ бепул буда, муҳассилин 120 сомонӣ стипендия мегиранд ва хатмкунандагони ин марказ пас аз хатм ҳатман ҷои кор пайдо мекунанд. Чунки ба гуфтаи Ҷабборов дар ин марказ ба сатҳи дониш ва маҳорату малакаи хатмкунандагон диққати ҷиддӣ дода мешавад.

"Мо пеш аз он ки ба касе ҳуҷҷати кафшергарӣ ё дигар касбро диҳем, комиссияи махсус ҳирфаияти ӯро дар амал пурра месанҷад. Баъд аз санҷиши ҳаматарафа мо ба ин ё он нафар ҳуҷҷати ба тахассусаш мувофиқро медиҳем",-афзуд ӯ.

Бояд қайд кард, ҳоло дар ҷумҳурӣ 28 муассисаи таълими касбӣ фаъол аст, ки соли 2011 45 ҳазор нафар аз рӯи 48 ихтисос дар ин муассисаҳо таълим гирифтаанд. Аммо бе мактаб ва ҳунар мондани ҷавонон онҳоро водор меукунад ба Русия муҳоҷир шаванд ва дунболи касбҳое раванд, ки донишу маҳорат талаб намекунанд.
XS
SM
MD
LG