Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худамро мекушам, агар..."


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бархе наврасону ҷавонон бо тарс додан аз худкушӣ, барои амалӣ кардани хостаҳои худ болои волидайн фишор меоваранд.

Сайидҳомид, хонандаи синфи даҳуми мактаби миёна ҳаст, ки ба волидайнаш таҳдид кардааст, дар сурати харидорӣ накардани либоси мактабӣ бо нархи сад долари амрикоӣ, даст ба худкушӣ хоҳад зад. Гулдаста Исмоилова, модари ин наврас мегӯяд, ӯ ва шавҳараш дар ҳеҷ ҷо кор намекунанд, вале аз ин таҳдиди фарзандашон тарсида, бо қарз барои ӯ либоси гаронқимат харидорӣ кардаанд.

Ин зан мегӯяд, се фарзанди мактабхон дорад ва онҳо ҳам бо тақлид ба бародарашон мегӯянд, ба онҳо низ либоси гаронқимат харанд, аммо нархи гарон ва бекорӣ, монеъи амалӣ кардани хостаи фарзандон мегардад: «Дар ин солу замон метарсӣ. Дигар кӯдакро гапи зиёд гуфта намешавад. Худое накарда, ягон беақлӣ кунад, хонаат месӯзад. Лекин ба ҳамаи онҳо сару либос харидан мушкил аст. Бо арзониаш барои як кӯдак то 300 сомонӣ лозим мешавад. Онҳо ҳеҷ гоҳ розӣ намешаванд, ки либоси аз соли гузашта боқимондаашонро пӯшанд. Сарро дар санг мезаниву барои онҳо либос харидорӣ мекунӣ».

Дар сӯҳбат бо мо Сайдҳомид, аз такрори гуфтаҳо ба волидайнаш дар назди мо шарм медорад, аммо мегӯяд, ҳақи волидайн аст, ки бояд фарзандро ҳамаҷониба таъмин намояд: «Ба фикрам, бояд падару модар кор карда, фарзандонро таъмин кунад. Шумо ҳам фикр кунед, бе либоси мактабӣ ҳам чӣ хел мактаб рафта мешавад. Агар сахт нагирӣ ҳеҷ чизат ҳам намехаранд».

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, дар миёни писарбачагон чунин таҳдидҳо дар қиболи волидайн аз ҷониби духтарон низ шунида мешавад. Низомиддин Комилов, як омӯзгор мегӯяд, ҷавондухтарон барои соҳиб шудан ба маҳсулоти тилловорӣ ва ё ба шавҳар баромадан ба ҷавонони дилхоҳашон, ба волидайн чунин тарс медиҳанд.

Комилов мегӯяд, номаълум аст, ки ин таҳдидҳо то кадом ҳад асоси воқеӣ доранд, аммо афзоиши худкушӣ дар миёни ҷавонон волидайнро дар ҳарос андохтаанд ва онҳо талош мекунанд, то хостаҳо фарзандонашонро, ки берун аз тавон ё хоҳиши онҳо ҳаст, амалӣ намоянд: «Ин андешаро нобаробарӣ дар ҷомеа ва зоҳирпарастии наврасону ҷавонон ба вуҷуд меорад. Қисми ками сокинон доро ҳастанд ва ҷавонони нодор талош мекунанд, бо онҳо ҳамқадам бошанд, ки ин ҷо волидайн дар мушкил мемонанд. Чунин мебинанд, ки хостаҳояшон бо осонӣ аз ҷониби волидайн амалӣ намешавад, зуд аз ҷои нозуки волидайн меқапанд, ки дигар онҳо ба ҷуз иҷро кардани хоҳиш, ҳеҷ коре карда наметавонанд».

Бархе аз коршиносони дигар мегӯянд, аз он наврасону ҷавононе, ки худкушӣ мекунанд, аксаран дар ҷомеа қаҳрамон метарошанд ва ин боис мешавад, то дигарон дар ин бора фикр кунанд.

Фарангис Шомадова, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд: «Масалан, овозаҳо мешаванд, ки фалон ҷавон аз падараш чунин хоҳиш кардааст, ки фалон хоҳиши ӯро иҷро кунанд, аммо падару модараш инро иҷро накардаанд ва ӯ худро куштаасту волидайнаш пушаймонанд. Ҳамин ҷо дар андешаи ҷавонон фақат ғаму андӯҳи волидайн ва пушаймонии онҳо нақш мебанад. Дигар онҳо тарафи дигарашро фикр намекунанд ва андеша мекунанд, ки аз волидайн қасос мегиранд ва мисли он ҷавон «қаҳрамон» мешаванд. Дар ин ҷо бояд чунин ҳодисаҳоро тавре тарғиб кард, ки ҷавонон нафрат кунанд, на ин ки ифтихор».

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои додситонии вилояти Хатлон, дар ҳудуди ин вилоят давоми шаш моҳ 81 ҳодисаи худкушӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳодиса бештар будааст. Масъулони додситонии вилоят мегӯянд, аз 81 ҳолати худкушӣ танҳо 12 нафар гирифторони бемории рӯҳи будаанд. Дар дигар ҳолатҳо сокинон, ки аксарашонро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд, бо сабаби мушкилоти зиндагӣ ва муноқишаҳои оилавӣ, даст ба худкушӣ задаанд.
XS
SM
MD
LG