Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: "Ҳавопаймо ҳомили таҷҳизоти низомӣ буд"


Сарвазири Туркия мегӯяд, ҳавопаймои мусофирбари Сурия, ки ба нишаст дар Анкара маҷбур карда шуд, ҳомили таҷҳизоти сохти Русия будааст.

Рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотии муштарак бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, оқои Эрдуғон гуфт: “Ҳавопаймои мусофирбари Сурияро ба фуруд дар Анкара маҷбур карданд, зеро он барои вазорати мудофиаи Сурия муҳиммоти истеҳсоли Русия интиқол медод.”

Шаби чоршанбе баъди гирифтани маълумоти махфӣ, мақомоти Туркия ба ҳавопаймои масири Маскав-Димишқ дастур доданд, ки дар Анкара ба замин фуруд ояд.

Сарвазири Туркия илова кард, ки таҳқиқи таҷҳизоту муҳиммоти мусодирашуда идома дорад. Аммо мақомоти Сурия мегӯянд, дар ҳавопаймои Аэробус 320 ягон бори ғайриқонунӣ вуҷуд надошт. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон раиси ширкати ҳавоии Сурия, хонум Қоида Абдулатиф гуфт: “ Вақте онҳо ҳавопайморо тафтиш карданд, онҳо бори мулкӣ ва таҷҳизоти электрониро пайдо карданд, ки интиқоли он иҷозат дода шудааст ва ин бор расман сабт шуда буд. Онҳо чанд нафарро азияти ҷисмониву равонӣ доданд.”

Расонаҳои Туркия гузориш медиҳанд, ки дар ҳавопаймо даҳ контейнер бо ҷиҳози радио, антенна ва дигар таҷҳизоти низомӣ ташхис шуда буд. Бо оғози ҷанги Сурия равобити ҳукумати ин кишвар бо ҳамсояаш Туркия сард шудааст. Ҳукумати Сурия амали Туркияро "роҳзании ҳавоӣ" унвон дод. Мақомоти Туркия ба ҳавопаймо бо 37 мусофир ва аъзои экипажаш иҷозат дод, ки ҳарими ҳавоии Туркияро тарк кунад, вале бори ҳавопаймо мусодира шуд.

Туркия иддаои Русия дар бораи азияти 17 шаҳрванди Русияро, ки дар байни мусофирони ҳавопаймо буданд, беасос номид. Вазорати корҳои хориҷии Русия аз Туркия талаб кард, фаҳмонад, ки чаро дипломатҳои русро ба назди мусофирони рус роҳ надоданд. Президенти Русия, Владимир Путин нақша дошт, ки ҳафтаи оянда аз Туркия зиёрат кунад, вале рӯзи чоршанбе мансабдорони Туркия иттилоъ доданд, ки сафари Путин ба таъхир меафтад.

Сухангӯи президенти Русия, Дмитрий Песков гуфт, таъхири сафар ду рӯз пеш аз ин ҳодиса дар як сӯҳбати телефонии президент Путин ва сарвазир Эрдуғон маслиҳат шуда буд. Ӯ афзуд, ки шояд ин сафар 3-уми декабр доир шавад.
XS
SM
MD
LG