Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванишвилӣ худро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ кард


Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ

Миллиардери гурҷӣ, ки ҳизбаш дар интихоботи парлумонии 1 октябр пирӯз шуд, худро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ кардааст.

Миллиардери гурҷӣ, Бидзина Иванишвилӣ, имрӯз - 8-уми октябр рӯйхати номзадҳо ба кобинаи ояндаашро эълом кард. Эътилофи "Орзуи Гурҷистон"-и ӯ дар интихоботи парлумонии 1-уми октябр баранда шуд ва камаш 83 курсӣ аз 150 курсии маҷлиси ояндаи ин кишвари Қафқозро ба даст овард.

Тибқи Қонуни нави асосии Гурҷистон, ки ба парлумон салоҳияти бештар медиҳад, сарвазирро эътилоф ё ҳизбе пешбарӣ мекунад, ки дар ҳимояти аксари парлумонро дар даст дорад. Ба ин тартиб, Иванишвилӣ худро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ карда, Ираклий Ғарибашвилиро ба симати вазири умури дохилӣ ва Ираклий Алазанияро ба мақоми вазири дифоъ пешниҳод кардааст. Ғарибашвилӣ тайи чандин сол сандуқи хайрияи Картуро, ки низ ба Иванишвилӣ тааллуқ дошт, раҳбарӣ мекард.

Алазания дар аҳди Саакашвилӣ муовини вазири дифоъ ва сафири Гурҷистон дар Созмони Милал буд, вале дар пайи як ихтилоф аз Саакашвилӣ фосила гирифт ва ба мухолифини ӯ пайваст. Ду хонум - Майя Панҷикидзе ба мақоми вазири умури хориҷӣ ва Теа Тсулукианӣ ба симати вазири адлияи Гурҷистон пешбарӣ шудаанд. Ҳамин тавр, Гурам Одишария номзад ба вазорати фарҳанг ва футболбози маъруф Кахи Каладзе, ки қаблан дар тими шӯҳратёри итолиёии "Милан" бозӣ мекард, ба вазорати рушди минтақаҳо ва зербино пешбарӣ шуданд.

Нахустин иҷлосияи ҳайати нави парлумон, қарор аст, 21-уми октябр доир шавад. "Орзуи Гурҷистон" дар интихоботи 1-уми октябр Ҷунбиши воҳиди миллии раисиҷумҳури кунунӣ Михеил Саакашвилиро, ки тайи 8 сол аксарияти парлумонро дар назорат дошт, шикаст дод. Ин ҳизб акнун ба мухолифин мепайвандад.

То поёни давраи дувум ва ниҳоии раёсати худи Саакашвилӣ як соли дигар боқӣ мондааст, вале Иванишвилӣ баробари маълум шудани пирӯзии эътилофаш дар интихоботи парлумонӣ гуфт, беҳтарин чора барои Саакашвилӣ истеъфо ва боз кардани роҳ барои интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳурист.

Иванишвилии 56-сола, ки бойтарин мард дар Гурҷистон маҳсуб мешавад, гуфтааст, ҳаракати Гурҷистон ба сӯи пайвастан ба НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро ҳамчунон идома хоҳад дод, вале мехоҳад, равобити Тифлис бо ҳамсояи шимолиаш – Русияро низ беҳтар кунад. Равобити дипломатӣ байни Тифлису Маскав дар пайи ҷанги кӯтоҳи августи соли 2008 ва эътирофи истиқлоли вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ аз ҷониби Русия қатъ шуд ва мақомоти Русия ҳамеша аломат медоданд, ки азсаргирии ин равобит то замоне ки Саакашвилӣ дар сари қудрат аст, имкон надорад.

Қарор аст, нахустин сафари хориҷии Иванишвилӣ ба Вошингтон сурат бигирад, ба пойтахте, ки тамоми 8 соли раёсаташ аз Саакашвилӣ хеле гарм ҳимоят мекард.

Кобинаи эълонкардаи Иванишвилӣ чӣ номҳои ғайриинтизоре дошт? - пурсидем дар як тамоси телефонӣ аз Тимшер Рехвиашвилӣ, хабарнигори бахши гурҷии Радиои Озодӣ дар Тифлис.

Ӯ гуфт, "як чизи ғайриинтизор бозгашти ду вазири даврони Шеварднадзе ба ҳайъати ҳукумат аст. Номзад ба мақоми вазири беҳдошт Амиран Гамхвелидзе ва вазири кишоварзӣ Давид Кирвалидзе ду "гурги борондида"-анд, ки пас аз қариб 10 сол ба курсиҳои худ бармегарданд. Номзади дигаре, ки ғайриинтизор набуд, вале баҳси зиёдеро ба по кард, Ираклий Ғарибашвилист, ки ба симати вазири умури дохила пешбарӣ шуд. Ӯ ҳама вақт кори тиҷорат мекард ва ягон собиқаи кор дар пулис ва ниҳодҳои интизомиро надорад. Аз сӯи дигар, корзори интихоботӣ нишон дод, ки Ғарибашвилӣ эҳсосист ва хеле зуд дармегирад. Мояи дигари баҳс дар атрофи ин номзад падарарӯси ӯ генерал Тамаз Тамазашвилист, ки дар аҳди Шеварднадзе аз раҳбарони пулис буд. Тамазашвилӣ феълан дар зиндон аст, вале шояд баъди ба мақоми расидани домодаш ӯро раҳо кунанд."

-Оё касе аз ҳукумати Саакашвилӣ дар ин кобинаи ҷадид монда ё хайр?

-На. Худи Иванишвилӣ гуфт, ягон вазири даврони Саакашвилиро ба кобинааш роҳ нахоҳад дод. Вале ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки ин мавзеъгирӣ ба муовинони вазирҳо дахл надорад ва бархеи онҳо дар ҳукумати Иванишвилӣ низ кор хоҳанд кард.

-Бисёриҳо осуда бо ҳам кор кардани кобинаи Иванишвилӣ бо Саакашвилиро, ки то поёни раёсаташ як соли дигар мондааст, аз эҳтимол дур медонанд. Иванишвилӣ ҳам баъд аз маълум шудани пирӯзиаш гуфта буд, ки дигар танҳо роҳ барои Саакашвилӣ истеъфо ва боз кардани роҳ барои интихоботи пеш аз мӯҳлати президентист. Оё фикр намекунед, ки чунин мухолифат Гурҷистонро метавонад ба буҳрони давомдори сиёсӣ бикашад?

-Ин мавзӯъ аз рӯзнома бардошта шудааст. Иванишвилӣ баъд аз он изҳороти аввал бори дигар талаби истеъфои раисиҷумҳурро такрор накард. Он баёнияи аввалаш ҳам бештар ба шакли тавсия буд, то талаби ҳатмӣ. Саакашвилӣ нисбат ба рақиби сарсахташ нармии комил нишон дода истодааст. Тибқи Қонуни асосӣ, интисоби вазирони қудратӣ дар салоҳияти президент боқӣ мемонад. Вале Саакашвилӣ ин салоҳиятро ҳам ба Иванишвилӣ супурд. Яъне ӯ ба рақибаш дар амри такмили ҳайъати ҳукумати озодии комил медиҳад. Фикр мекунам, онҳо то поёни раёсати Саакашвилӣ ҳамдигарро таҳаммул хоҳанд кард. Албатта, агар ягон таҳаввулоти фавқулодда пеш наояд.
XS
SM
MD
LG