Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Гурҷистон ба табдили осоиштаи ҳукумат омода аст?


Чунин ба назар мерасад, ки Гурҷистон ба табдил ё гузариши осоиштаи ҳукумат омодааст.

Дар арафаи интихоботи парламентии Гурҷистон сиёсатшиносон бештар дар бораи тақаллуби овозҳо, эътироз ва ҳатто хушунати эҳтимолӣ ҳарф зада, кам андар ками онҳо пешбинӣ мекард, ки зимомдорони ин кишвар ба табдили осоиштаи ҳукумат омода хоҳанд буд.

Вале рӯзи сешанбе президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ эътироф кард, ки дар интихоботи парламентии якуми октябр эътилофи мухолифин бо номи “Орзуи гурҷӣ” дастболо шудааст.

Саакашвилӣ афзуд, ки инқилоби садбаргҳои соли 2003-ум ба як марҳилаи нави рушди баъдишӯравии Гурҷистон замина гузошта, ин кишвари дорои таърихи бостониро ба мамлакати калидӣ дар саҳнаи сиёсии олам табдил дод. Ба қавли президенти Гурҷистон, дар давоми ҳашт соли гузашта дар ин кишвар низоми давлатдорие бунёд шудааст, ки ҳеҷ таҳдиде наметавонад онро аз байн барад.
Сарфи назар аз нигарониҳои пешазинтихоботӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Созмони Транспаренсӣ Интернешенел ба интихоботи Гурҷистон баҳои баланд додаанд.

Бо ишора ба ҷанҷолҳои пешазинтихоботӣ ва эътирозҳои марбут бо азияти маҳбусон дар зиндонҳои Гурҷистон, бисёриҳо тахмин доштанд, ки Саакашвилӣ аз
Раиси ҷумҳури Гурҷистон.
Раиси ҷумҳури Гурҷистон.
охирин имкони тамдиди ҳукуматдориаш истифода мебараду қудратро дар дасташ ҳифз мекунад. Ба шарофати тағйиру илова дар сарқонуни Гурҷистон, ки сар аз соли оянда ба ҳукми иҷро даромада, баъзе салоҳиятҳои президентро ба сарвазир интиқол медиҳад.

Ҳамин тариқ Саакашвилӣ мисли президенти Русия Владимир Путин метавонист баъди ду даври раёсатҷумҳурӣ ба курсии сарвазир нишаста, ҳукуматдориро идома диҳад. Шуморе аз пайравони Саакашвилӣ низ таъкид мекарданд, ки дастовардҳои инқилоби садбаргҳову ислоҳоти демократии кишвар ба ҳимоят ниёз доранд. Аммо ба гуфтаи шореҳон, худи Саакашвилӣ дар рӯзҳои ахири маъракаи интихоботӣ ишора карда буд, ки мехоҳад дар ин курсӣ муттафиқи деринааш-вазири корҳои дохилии Гурҷистон Вано Мерабишвилиро бубинад.

Ба ҳар ҳол Саакашвилӣ ҳоло 45-сола асту эҳтимол дар фикри нафақа набошад. Баъзеҳо коршиносон тахмин кардаанд, ки Саакашвилӣ метавонад дар оянда вазифаи раиси шаҳри Тбилисӣ ва ё раҳбарии вилояти мухтори Аҷористонро бар ӯҳда гирад. Дигарон пешбинӣ мекунанд, ки шояд ба Саакашвилӣ дар созмонҳои байналмилалӣ ягон вазифаи масъул пешниҳод шавад.

Шореҳи умури Қафқоз Сванте Корнел, ки дар бораи низои Русияву Гурҷистон дар соли 2008-ум китоб навиштааст, мегӯяд, бадтарин чизе, ки метавонад ба имиҷи Саакашвилӣ зарба занад, ин муқоиса ӯ бо президенти Русия Владимир Путин аст. Корнел хотирнишон мекунад, ки то имрӯз ҳадди аққал ду дафъа пешбинӣ мешуд, ки Саакашвилӣ аз саҳнаи сиёсӣ дур мешавад: Дар тирамоҳи соли 2007-ум баъди лату кӯби мухолифин дар пойтахти Гурҷистон, Саакашвилӣ ба истеъфо рафта, аз нав президенти кишвар интихоб шуд ва мисли он тобистони соли 2008-ум дар пайи ҷанги кӯтоҳмуддати Русия бо Гурҷистон бисёриҳо рӯи корномаи сиёсии Саакашвилӣ хати батлон кашиданд, вале ӯ тавонист, ки дар миёни мардум эътиборашро ҳифз кунад.

Албатта инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки кишварҳои ғарбӣ аз Гурҷистон талаб доштанду доранд, ки ба иродаи мардум ва интихоби онҳо эҳтиром гузорад. Хуллас, Гурҷистон мисли Украинаву Қирғизистон ба давраи гузариши осоишта омода мешавад.

Иванишвилӣ, раҳбари мухолифони гурҷӣ.
Иванишвилӣ, раҳбари мухолифони гурҷӣ.
Ду сол пеш дар Украина пешвои инқилоби норанҷии соли 2004-ум Виктор Юшенко курсии раёсатҷумҳуриро ба таври осоишта ба Виктор Янукович супурд. Дар Қирғизистон бошад, охири соли гузашта президент Роза Отунбоева низ курсии раёсатҷумҳуриро ба Алмосбек Отамбоев таслим намуд. Вале дар мавриди Гурҷистон ҳоло ҳарфи ниҳоӣ гуфта нашудааст ва суол ин аст, ки то куҷо мухолифин ба гирифтани зимоми давлатдорӣ омода ҳастанд?

Дар давраи пешазинтихоботӣ эътилофи иборат аз шаш гурӯҳи сиёсӣ таҳти сарварии миллиардер Бидзина Иванишвилӣ тавонист, ки аз як гиребон сар барорад. Вале вақте эътилофи “Орзуи гурҷӣ” аз гурӯҳи мухолиф ба нерӯи ҳоким табдил меёбад, оё раҳбарони он ҳозир хоҳанд буд, ки ваҳдати сафҳояшонро нигаҳ доранд?

Иванишвилӣ чунин ҳодисаро аз эҳтимол дур намедонад, вале ба ақидаи ӯ муҳимтарин дастоварди интихоботи ахир ин аст, ки барои аввалин бор дар таърихи тӯлонии ин кишвар, ҳукумат дар интихобот ва бар пояи раъйи мардум табдил мешавад.
XS
SM
MD
LG