Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии Хон алайҳи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико


Имрон Хон, раҳбари созмони "Таҳрики инсоф" дар Покистон
Имрон Хон, раҳбари созмони "Таҳрики инсоф" дар Покистон

Эътирозгарон мегӯянд, ки зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико ба Покистон "фавран хотима дода шавад".

Имрон Хон, сиёсатмадори покистонӣ ва дар гузашта яке аз бозигарони маъруфи крикет, раҳпаймоии эътирозӣ аз Исломобод то минтақаи Вазиристони Ҷанубӣ алайҳи зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоиро сарварӣ мекунад.

Созмондиҳандагони ин раҳпаймоӣ мегӯянд, бар асари зарбаи ин ҳавопаймоҳо теъдоди зиёди мардуми осоишта кушта мешавад. Имрон Хон, раиси созмони “Таҳрики инсоф”, гуфт, ба зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бояд фавран хотима дода шавад.

Мақомоти расмии Покистон низ ин зарбаҳоро маҳкум мекунанд ва онро “нақзи истиқлолияти кишвар” мехонанд. Аммо мақомоти низомии Иёлоти Муттаҳида мутмаинанд, ки ин зарбаҳо дар мубориза бо афроди мусаллаҳи мустақар дар марзи миёни Покистону Афғонистон ногузиранд ва дар онҳо асосан толибон ва аъзои дигар гурӯҳҳои ифротӣ ҳадаф қарор мегиранд.

Рӯзи ҷумъа, панҷуми октябр, як намояндаи Толибони Покистон раҳпаймоиро маҳкум кард ва Имрон Хонро “бозичаи дасти Ғарб” номид. Ба раҳпаймоӣ, ки қарор аст ду рӯз идома кунад, даҳҳо фаъолони зиддиҷанг аз Амрико ва Бритониё низ ҳамроҳ мешаванд. Мақомоти Покистон аз он ҳарос доранд, ки раҳпаймоён мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ қарор мегиранд.

Имрон Хон ва раҳпаймоии эътирозӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG